Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лужков аз болои Наришкин ба додгоҳ шикоят бурд


Мири собиқи Маскав Юрий Лужков аз болои Сергей Наришкин, раиси дафтари раиси ҷумҳури Русия, ба додгоҳ шикоят бурд. Изҳороти ахири Наришкин дар бораи сатҳи беандоза бузурги фасод дар Маскав замони раҳбарии Лужков боиси хашми шаҳрдори собиқ шудааст. Юрий Лужков аз Сергей Наришкин барои осеби маънавӣ як миллион рубл хостааст.

Чанд рӯз пеш мири пешини Маскав ба ҳайси шоҳид дар парвандаи сирқати маблағ аз Бонки Маскав ба Раёсати тафтишоти вазорати умури дохилии Русия даъват шуд. Юрий Лужков ин даъватро бо мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ марбут мекунад, ки дар он раҳбарони кишвар, аз ҷумла, раисиҷумҳур Дмитрий Медведевро танқид карда буд.

Наталя Тимакова, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, сару садоҳо дар бораи таъқиби сиёсии Лужковро хандаовар арзёбӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG