Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои амният барои хатми мандати НАТО раъй медиҳад


Имрӯз Шӯрои амнияти СММ дар робита ба хатми мандати НАТО оид ба баргузории амалиёти низомии Либия раъй медиҳад. Мандати НАТО рӯзи 31 октябр анҷом меёбад.

Бернар Валеро, намояндаи вазорати умури хориҷии Фаронса гуфт, дар Шӯрои амният қатъномае барррасӣ мешавад, ки бо қабули он қатъномаи рақами 1973 аз эътибор соқит хоҳад шуд. Қатъномаи 1973 ба истифода аз нерӯи низомӣ ба хотири дифоъ аз мардуми осоиштаи Либия ва таъсиси ҳаримҳои мамнӯъ барои парвозҳо иҷоза дода буд.
XS
SM
MD
LG