Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷазираҳои ҳоили Ому боиси баҳси марзӣ мешаванд


Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон изҳороти мақоми заминшиносӣ ва харитасозии Афғонистон дар мавриди ташхиси дубораи хатти марзи Афғонистону Тоҷикистонро беасос шуморид.

Мақомоти ин вазорат мегӯянд, ҳамчунин муроҷиате ба мақомоти Тоҷикистон нарасидааст ва ин масъала мавриди баррасӣ ду ҷониб қарор надорад.

Фозил Аҳмад Ҳидоят, сардори Раёсати заминшиносӣ ва геодезии Афғонистон, ба хабаргузориҳо гуфтааст, тибқи қавонини байнулмилалӣ вақте миёни кишварҳо дарё мегузарад, сари ҳар 20 сол бояд масъалаи марзӣ бознигарӣ шавад. Барои ташхиси хутути марзӣ, ӯ хостори таъсиси як кумисюни иборат аз мутахассисони Афғонистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон шудааст.

Аммо Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, феълан баҳси миёни марзҳои давлатии Тоҷикистону Афғонистон аслан вуҷуд надорад ва ба ин мазмун муроҷиате ҳам нашудааст.

Шамсулҳақи Ориёнфар
Шамсулҳақи Ориёнфар
Дар ҳамин ҳол, сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон низ аз вуҷуди масъалаи ташхиси хатти марзҳои давлатии Тоҷикистону Афғонистон изҳори беиттилоӣ кард. Шамсулҳақи Ориёнфар, намояндаи сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, мегӯяд, ҳануз дар авоили садаи гузашта масъалаи марзӣ миёни Афғонистону Тоҷикистон мушаххас шуда буд.

“Соли 1935 созишномаи дуҷониба ба имзо расидааст ва ин мушаххас аст. Вале мо дар наздикиҳои Фархор як ҷазира дорем. Ин ҷазира дар тарафи Тоҷикистон аст ва дарё ҳам дар тарафи Тоҷикистон аст. Манзури эшон ин аст, ки вақте маҷрои дарё ба он тараф меравад, замин барои Тоҷикистон мемонад ва агар ба ин тараф омад, дар тарафи Афғонистон мемонад. Ин нукот дар қарордодҳое, ки то кунун ба даст омадааст, рӯшан аст”,-гуфт ин масъули сафорати Афғонистон дар Душанбе.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:21 0:00
Линки мустақим


Аз шарҳи ҷаноби Ориёнфар рӯшан мешавад, ки манзури мақоми Афғонистон дар масъалаи ташхиси марз на ба баҳс кашидани тамоми хутути марзи муштарак, балки таъйин кардани масъалаи минтақаҳои ҳоил ё ҷазираҳое аст, ки дар соҳилҳои рӯдхонаи Ому қарор доранд.

Ин ҷазираҳо ва қитъаҳои замин дар наздикиҳои ноҳияи Фархор, Ҳамадонӣ то ноҳияи Панҷу Шаҳритус ва он тараф то қаламрави Узбакисон ҷой доранд. Панҷ сол қабл дар натиҷаи дигаргун шудани маҷрои рӯдхона якуним ҳазор гектар қитъаи замини Тоҷикистон дар назди ноҳияи Ҳамадонӣ ба тарафи Афғонистон тааллуқ гирифт, ки дар натиҷаи баҳсҳои дуҷониба мақомоти ҳукумати ноҳия дубора ин порча заминро соҳиб шуданд.


Хӯҷамурод Фазлиддинов, раиси ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ, мегӯяд, феълан дар ин мавзеъ барои мустаҳкам кардани соҳили дарё иқдом гирифта шудааст ва пас аз анҷоми он ҳамин қитъаи замин ба боғ табдил дода хоҳад шуд: “Ҳоло мо ба корҳои соҳилбандӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ машғул ҳастем. Бо анҷоми ин корҳо ҳудуди 454 гектари ин қитъаи замин ба боғзор табдил дода мешавад.”

Аммо аз назари таҳлилгарони масоили сиёсӣ ин қитъаҳои замин ва ё худ ҷазираҳо бояд ба таври ҳамеша мушаххас карда шаванд, ки ба кадом ҷониб тааллуқ доранд. Зеро баъзе аз гурӯҳҳои мусаллаҳ бо истифода аз нооромиҳои Афғонистон ин ҷазираҳоро макони буду бош интихоб кардаанд.

Абдунабӣ Сатторзода
Абдунабӣ Сатторзода
Абдунабӣ Сатторзода, сардори шӯъбаи масоили байнулмилалии Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, аз лиҳози амниятӣ зарур аст, ки масъулият назорати ин мавзеъҳо мушаххас карда шавад: “Ҳоло вазъи Афғонистон имкон намедиҳад, ки масъалаи ташхиси қитъаҳои ҳоил пурра анҷом гирад. Вале аз лиҳози амниятӣ ёд дорам, ки дар солҳои 90-ум гурезаҳо дар ҷазираҳо паноҳ бурда буданд ва гурӯҳҳои мусаллаҳи афғонӣ низ кӯшиш мекарданд, ки дар канори фирориҳо худро ҷойгир кунанд. Албатта, ин хатар ҷой дорад, вале чандон ҷиддӣ нест.”

Ба қавли ҳамсуҳбатҳои мо, даҳҳо гектар қитъаҳо ва ҷазираҳои ҳоил дар рӯдхонаи Ому ҷой доранд, ки дар натиҷаи тағйирёбии маҷрои дарё дар фасли баҳору тирамоҳ дар тарафи Афғонистон ва гоҳе дар тарафи Тоҷикистон мемонанд. Мақомоти Тоҷикистону Афғонистонро лозим аст, ки сари ин масъала гуфтугӯ кунанд, ки дигар дар сурати тааллуқ гирифтани ин ҷазираҳо ба тарафи Тоҷикистон ё Афғонистон ҷои баҳс намонад.
XS
SM
MD
LG