Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз номи барандаи ҷоизаи ба номи Сахаров эълон мешавад


Имрӯз дар Парлумони Аврупо дар Страсбург номи барандаи ҷоизаи “Барои афкори озод” ба номи Андрей Сахаров эълон мешавад.

Ба феҳристи довталабон - гурӯҳи фаъолони ҷамъиятии кишварҳои арабӣ, яке аз фаъолони нерӯҳои мухолифини Белорус Дмитрий Бондаренко ва кишоварзони Колумбия, ки бо талошҳои осоиштааашон барои ҳуқуқҳояшон маъруф шудаанд, шомиланд.

Ҷоизаи ба номи донишманди маъруф ва ҳомии ҳуқуқи башар Андрей Сахаров аз сӯи Парлумони Аврупо аз соли 1988 ба ин сӯ барои саҳм дар мубориза барои ҳуқуқи башар супурда мешавад. Маблағи ҷоиза 50 ҳазор евро муқаррар шудааст.

Аз ин пеш ҷоизаи “Барои афкори озод”, аз ҷумла, ба раисиҷумҳури пешини Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ Нелсон Мандела, раҳбари мухолифини Бирма Аун Сан Су Чжи, дигарандешони Куба ва созмони “Мемориал”-и Русия эҳто шуда буд.
XS
SM
MD
LG