Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Довудоғлу: Димишқ бояд ба тавсияҳо гӯш андозад


Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, бо ҳайатҳои кишварҳои арабӣ, ки талоши ҳалли низоъ миёни ҳукумати Димишқ ва мухолифинро доранд, мулоқот кард.

Раиси ҳайат нахуствазири Қатар Ҳамад Ат-Танӣ ин музокиротро “самимӣ” арзёбӣ намуд ва афзуд, ки давраи навбатии он рӯзи 30 октябр баргузор мешавад.

Аҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷии Туркия, дар робита ба имкони таҳримҳои нави байнулмилалӣ алайҳи Сурия гуфт, ки "ягон хел таҳрим алайҳи мардуми Сурия равона намешавад, ягон таҳрим ба рӯзгораш таъсир нахоҳад гузошт. Мо инро барои Сурия намехоҳем. Мо инро барои Ховари Миёна намехоҳем. Вале бо вуҷуди ин, мо умедворем, ки Сурия ба тавсияҳои Лигаи кишварҳои араб гӯш меандозад".

Тайи шабонарӯзи гузашта бар асари ҳамлаи мухолифини мусаллаҳи ҳукумат 9 сарбози суриягӣ ба ҳалокат расиданд. Дар амалиёти низомӣ бошад, 11 шаҳрванд ҷон бохтанд.
XS
SM
MD
LG