Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни заминларзаи Туркия афзоиш ёфт


Теъдоди қурбониёни заминларза дар шарқи Туркия ба 523 нафар расид. Бар пояи иттилоъи ахир, дар ин ҳодиса беш аз 1650 нафар осеб диданд, наҷотбахшон 185 нафарро аз зери харобаҳо берун карданд.

Амалиёти ҷустуҷӯ бар асари борону барф айни ҳол ба мушкил мувоҷеҳ шудааст. Бо вуҷуди ин рӯзи чаҳоршанбе наҷотбахшон аз зери оворҳо боз се нафарро берун карданд.

Мақомоти Туркия алорағми изҳороти чанд рӯзи пешашон аз 30 кишвар, аз ҷумла, аз Исроил, ки бо он ихтилофи ҷиддии дипломатӣ дорад, хостори ёрмандӣ шудаанд. Дар минтақаи офати табиӣ барои мардуми бехонумоншуда хайма ва либоси гарм намерасад.
XS
SM
MD
LG