Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Александр Лукашенко вориди Тоҷикистон мешавад


Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, шоми имрӯз бо як сафари расмии серӯза вориди Тоҷикистон мешавад.

Ба иттилоъи дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, фардо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои белорусаш дар робита ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ мулоқот хоҳад кард.

Қарор аст, ки дар фарҷоми музокирот ҳайатҳои Тоҷикистону Белорус дар санад дар робита ба ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногунро имзо кунанд.
XS
SM
MD
LG