Пайвандҳои дастрасӣ

Сангтӯда-Пули Хумрӣ. Роҳи нави интиқоли барқ ба Афғонистон


Хатти интиқоли барқи 220-киловаттаи Сангтӯда-Пули Хумрӣ, ки интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистонро дар назар дорад, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Дар ин маросим Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон ва Муҳаммадқасими Фаҳим, муовини аввали раисиҷумҳури Афғонистон иштирок кардаанд. Сарвазири Тоҷикистон, гуфтааст, ин хатти интиқоли нерӯи барқ имкон медиҳад, ки дар мавсими гармо барқи Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол ёбад. Бино ба маълумоти Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон, арзиши як киловатт нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон севуним сенти амрикоиро ташкил хоҳад дод. Ин дар ҳолест, ки феълан ҷониби Узбакистон як киловатт нерӯи барқи худро ба Афғонистон ба нархи ҳафтуним сенти амрикоӣ мефурӯшад. Масофаи хатти интиқоли барқи Сангтӯда-Пули Хумрӣ дар қаламрави Тоҷикистон 118 ва дар қаламрави Афғонистон 163 километрро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG