Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Баёнияи тозаи Стивенсон: Роғун обро "намехӯрад"


Струан Стивенсон, узви порлумони Аврупо

Струан Стивенсон, узви порлумони Аврупо

Узви порлумони Аврупо Струан Стивенсон, ки дар матбуоти кишвар ба унвони “дӯсти тоҷикон” низ ёд мешавад, бори дигар сохтмони нерӯгоҳи Роғунро амри зарурӣ хондааст.

Вай дар як матлаби худ навиштааст, бо наздик омадани соли 2012 изҳори назарҳо дар бораи сохтмони нерӯгоҳи Роғун афзудааст. Дар ҳоле ки қарор аст, дар оғози соли нав коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ натоиҷи ташхиси тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғунро муаррифӣ бикунанд.

Узви порлумони Аврупо гуфтааст, “дар натоиҷи ташхиси тарҳи Роғун паҳлуҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва зистмуҳитии ин тарҳ арзёбӣ мегарданд ва натиҷаи он метавонад муносибати Тоҷикистон бо Узбакистонро тағйир бидиҳад. Узбакҳо мухолифи сарбанди Роғун ҳастанд, зеро аз он хавф доранд, ки сарбанд дар ҳолати заминларза тоб оварда наметавонад. Раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов нигарони он аст, ки дар оянда сарбанд ба норасоии об дар бахши кишоварзии кишвараш оварда мерасонад.”

Струан Стивенсон мегӯяд, худи ӯ шахсан аз маҳалли сохтмони Роғун ва нерӯгоҳи Норак дидан намудааст ва ба ин бовар аст, ки ҳар ду тарҳ хатарбор нестанд ва аз назари аҳамияти минтақаӣ низ хеле муҳим мебошанд.

Ӯ иддаои ҷониби Узбакистонро дар ин бора, ки дар сурати сохта шудани нерӯгоҳи Роғун кишварҳои поёноб ташналаб хоҳанд монд, рад кардааст. Вай менависад, “бешубҳа, сарбанди Роғун обро истифода мебарад ва барои пур намудани он 13 миллиард метри мукааб об лозим аст, аммо нерӯгоҳҳои барқи обӣ аслан обро "истеъмол" намекунанд. Усулҳои асосии фаъолияти нерӯгоҳи барқи обӣ дар он аст, об аз баландии муайян тавассути қубурҳо бо суръати баланд ба поён фароварда шуда, фишори баланди бавуҷудомадаи об агрегатҳоро ба ҳаракат медарорад ва дар натиҷа фишори иқтидори нерӯи об ба қувваи барқ табдил меёбад.”

Узви порлумони Аврупо гуфтааст, Тоҷикистон дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун на танҳо худу Афғонистону Покистон, ҳатто Узбакистонро низ бо нерӯи барқ метавонад таъмин кунад. Аммо вай гуфтааст, “аз лаҳзаи соҳибистиқлол шудан, Узбакистон ҷонибдори сиёсати худтаъминкунии энержӣ боқӣ мондааст.”

Струан Стивенсон, ки ба унвони "пуштибони аврупоии тарҳи Роғун" шинохта мешавад, моҳи майи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон омада, бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун рафта буд. Вай дар бораи ин тарҳ ва истифода аз захоири оби минтақа низ гузориши беш аз сесад саҳифагӣ навиштааст.

Дар зимн, иқтидори нерӯгоҳи барқи обии Роғун 3 ҳазору 600 мегават буда, баландии садди он 335 метрро ташкил хоҳад дод. Ба гуфтаи мутахассисон, дар сурати бунёди ин нерӯгоҳ, Тоҷикистон ба як кишвари содиркунандаи нерӯи барқ дар минтақа табдил хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG