Пайвандҳои дастрасӣ

Барномаи наҷоти молии Аврупо ба тавофуқ расид


Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо роҷеъ ба барномаи наҷоти молии кишварҳои қаламрави евро ба тавофуқ расиданд. Ба ин барнома ботил кардани 50 дарсади қарзи Юнон низ дохил мешавад, ки ба гуфтаи Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса, тақрибан 100 миллиард евро ҳисоб шудааст. Аз бонкҳо низ дархост шудааст, ки то моҳи июн ҳудуди 106 миллиард евро сармояҳои худро афзоиш диҳанд, то битавонанд ҳар гуна мушкили қарзи Юнонро рафъ созанд. Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин роҷеъ ба афзоиши барномаи наҷоти молии Иттиҳодияи Аврупо ба тавофуқ наздик шудаанд. Арзиши ин барномаи наҷот ба як триллион евро баробар аст. Ҳадафи ин барнома наҷоти кишварҳои бузургтари иқтисодӣ мисли Италия ва Испания аст, ки сарнавишташон ба Юнон шабоҳат дорад.
XS
SM
MD
LG