Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз Мисру Исроил зиндониёнро иваз мекунанд


Илан Грапел (акс аз бойгонӣ)

Илан Грапел (акс аз бойгонӣ)

Интизор меравад, ки имрӯз Исроилу Миср дар посгоҳи марзии Табо зиндониёни худро иваз кунанд. Миср Илан Грапел-шаҳрванди Исроилу Амрикоро бо 25 мисрӣ иваз мекунад. Се нафари онҳо ҳанӯз 18 сола нашудаанд. Грапел моҳи июн дар авҷи тазоҳуроти Миср боздошт шуда буд ва муттаҳам мешуд, ки агенти Муссад аст ва талош дорад инқилобро ба ҳам занад. Вале ин иддао таъйид нашуд. Таҳлигарон мегӯянд, таъвизи имрӯзи зиндониён метавонад муносиботи сардшудаи миёни ду кишварро нармтар кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG