Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокирот роҷеъ ба бӯҳрони қарз шабона давом кард


Шабе, ки гузашт, дар Бруссел музокироти вазирони кишварҳои қаламрави евро барои ҳали бӯҳрони қарз идома ёфт. Бино ба гузоришҳо, вазирон ба тавофуқ расидаанд, ки дар бонкҳои Аврупо 150 миллиард доллар сармоягузорӣ шавад, то бо ҳар гуна бӯҳрони қарзи Юнон заминаи ҳали мушкил фароҳам ояд. Вале дар нишасти худ вазирон натавонистанд ба тавофуқ бирасанд, ки чӣ миқдор қарзи Юнонро метавонанд ботил эълон кунанд. Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ки бонкҳо 50 дарсади қарзҳои Юнонро ботил кунанд, вале бонкҳо онро хеле зиёд медонанд.
XS
SM
MD
LG