Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз хати интиқоли барқи Сангтӯда-Пули Хумрӣ боз мешавад


Муҳаммадқасими Фаҳим
Муҳаммадқасими Фаҳим
Имрӯз боздиди Муҳаммадқасими Фаҳим-муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон ва ҳайати ҳамроҳонаш аз Тоҷикистон идома меёбад. Қарор аст имрӯз бо ширкати нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ва Муҳаммадқасими Фаҳим маросими ифтитоҳи хати интиқоли барқи Сангтӯда-Пули Хумрӣ баргузор шавад.

Маршал Фаҳим дирӯз вориди Душанбе шуд ва бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кард. Дар изҳороти расмӣ гуфта мешавад, ки дар ин диду боздидҳо вазъи амниятии минтақа, нақши Тоҷикистон дар таъмини субот, бозсозии Афғонистон ва ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши энержӣ мавриди гуфтугӯ қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG