Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои шаҳрвандони 46 кишвар 3 моҳ бидуни визо дар Қирғизистон


Ҳукумати Қирғизистон тасмим гирифтааст, ки ба шаҳрвандони 46 кишвар бидуни дарёфти виза ё раводид се моҳ дар қаламрави худ ҳақи иқомат диҳад. Учқун Тошбоев-вазири танзими иқтисод рӯзи сешанбе дар ҷаласаи ҳукумат гуфт, муаррефии чунин низом дар дарозмуддат ба иқтисоди кишвар даромад хоҳад дод. Омурбек Бабанов-кафили нахуствазири Қирғизистон гуфт, дар оғоз ин кишвар то 1,5 миллион доллар аз даст медиҳад, зеро раводид барои як нафар 70 доллар арзиш дорад, вале дар дарозмуддат ин кор ба кишвар даромади хуб медиҳад, зеро хориҷиён ҳангоми иқомат ё боздид бо худ пул меоранд ва пул сарф мекунанд.
XS
SM
MD
LG