Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти кишварҳои арабӣ бо Башор Асад мулоқот карданд


Ҳайате иборат аз мақомоти баландпояи кишварҳои арабӣ бо Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия мулоқот кард. Ин ҳайат ба сарпарастии нахуствазири Қатар талош кард режими Сурия ва мухолифони онро ба ҳам оштӣ диҳад. Телевизиони давлатии Сурия гузориш дод, ки Башор Асад гурӯҳи вазирони кишварҳои Ҷомеаи Арабро ба ҳузур пазируфт, вале дар бораи ин мулоқот маълумот надод. Мухолифони Сурия музокира бо ҳукумати ин кишварро рад карданд ва гуфтанд, музокира танҳо замоне анҷом мегирад, ки ҳукумат ба истеъфо розӣ шавад. Аз сӯи дигар гузориш мешавад, ки дар саркӯбиҳои эътирозгарон дар Сурия дирӯз 13 нафар кушта шудаанд. 6 нафари онҳо сарбозони артиши Сурия будаанд.
XS
SM
MD
LG