Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон: Барои Эрон "сафорати маҷозӣ" боз мекунем


Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷии Амрико гуфт, ба нақша гирифтааст, ки барои Эрон як “сафорати маҷозӣ” боз кунад, бо вуҷуди он ки миёни ин ду кишвар робитаҳои расмии дипломатӣ вуҷуд надорад. Дар мусоҳибае бо бахши форсии Садои Амрико хонум Клинтон гуфт, ин сафорати маҷозӣ ё интернетӣ ба эрониён дар бораи дарёфти раводид ва барномаҳои дигар аз тариқи интернет маълумот хоҳад дод. Хонум Клинтон гуфт:

“Ман бовар дорам, ки режими Эрон диктатурист ва фикр мекунам, ки бештар аз он аст ва дар амал, ба фикри ман, режим ба диктатураи низомӣ табдил мешавад”.

Вазири корҳои хориҷии Амрико ҳамчунин аз таҳримҳои кишвараш бар зидди Эрон ҳимоят кард ва гуфт, Вошингтон дар бораи робитаи Теҳрон бо талоши сӯиқасд ба ҷони сафири Арабистони Саудӣ дар Вошингтон далелҳои қаввӣ дар даст дорад.
XS
SM
MD
LG