Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрӣ хоҳад буд


Тибқи маълумоти идораи ҳавошиносӣ имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрӣ пешбинӣ шудааст. Дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Хоруғ наздикиҳои шом борон меборад ва тамоми шаб давом мекунад.

Дар Душанбе рӯзона ҳаво 19-23, шабона 14-17 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар водии Вахш ва минтақаи Кӯлоб бориши борон дар назар нест. Рӯзона ҳаво 23-27, шабона 17-21 дараҷа гарм мешавад.

Дар Хуҷанд 18-21 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар Хоруғ рӯзона 8-12, шабона 5-8 дараҷа гарм мешавад.
XS
SM
MD
LG