Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти вазирони араб бо раиси ҷумҳури Сурия


Гурӯҳе аз мақомоти баландпояи кишварҳои арабӣ имрӯз бо Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, мулоқот карданд, то ӯву мухолифонашро ба мусолиҳа моил кунанд. Ба ин гурӯҳ вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Араб шомиланд. Мухолифони давлати Сурия мегӯянд, то замоне ки Башшор Асад истеъфо надиҳад, бо ҳукумат гуфтӯгу нахоҳанд кард. Ва имрӯз даҳҳо ҳазор нафар дар майдони марказии шаҳри Димишқ бо нишони ҳимоят аз Башшор Асад тазоҳурот карданд. Айни замон гузориш шуд, ки дар хушунатҳои тоза дар Сурия имрӯз дасти кам 13 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG