Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тони Блэр, нахуствазири пешини Бритониё “Гӯрӯҳи машваратӣ”-е таъсис дод, ки қарор аст ба рушди ислоҳоти иқтисодӣ дар Қазоқистон ва таҳкими ҳукумати Назарбоев хидмат кунад.

Дар ин бора хабаргузориҳои наздик ба мақомоти ин кишвар иттилоъ доданд. Ҷонибдорони президент Назарбоев дафъатан аз ин таъйинот пуштибонӣ карданд ва мушовири раисиҷумҳур Ёрмуҳаммад Ертисбоев ба хабаргузориҳо гуфт, нахуствазири пешини Бритониё Тони Блэр дар баробари масоили иқтисодӣ ба Қазоқистон, дар масоили сиёсӣ низ машварат хоҳад дод.

Аммо Нурлан Ермибетов, сиёсатшиноси қазоқ, мегӯяд, даъвати Блэр ба сифати мушовир, аз хоҳишҳои мақомот барои беҳтар кардани тасвири Қазоқистон маншаъ мегирад.

БЛЭР ДАР ҶУСТУҶӮИ "ДӮСТИ НАВ"

Блэр мушовири Қаззофӣ ҳам буд

Блэр мушовири Қаззофӣ ҳам буд

Дар заминаи ин хабар нашрияи “Телеграф”-и Бритониё бо тамасхур навиштааст, “бо аз даст додани як дӯсти қарин - сарҳанг Каззофӣ, Тони Блэр дар ҷустуҷӯи дӯсти нав президенти кишвари аз нафт ғанӣ, Нурсултон Назарбоевро интихоб кард.”

Нашрияи “Санди Телеграф” моҳи сентябр навишт, ки аз замони дур шуданаш аз қудрат, Тони Блэр бо Қаззофӣ шаш мулоқоти маҳрамона доштааст. Гуфта мешавад, ҳадди ақал ду сафар ба Троблус бо истифода аз ҳавопаймоҳҳои хусусӣ анҷом шуд, ки маблағи онҳоро ҷониби Либия пардохт кардааст.

Акнун собиқ нахуствазири Бритониё дар қатори шиносҳои қадимии худ аз ҳизби Кор, мисли Алистер Кэмпбел ва Ҷонатан Пауэлл дар Қазоқистон ба мақомоти аввали ин кишвар машварат хоҳанд дод. Намояндаи Тони Блэр таъйид кард, ки “Гурӯҳи машваратӣ” танҳо ба хотири кӯмак дар ислоҳоти иқтисодии Қазоқистон созмон ёфтааст. Дар ҳоле як манбаи мӯътамад арзиши ин созишро солона 8 миллион фунт стерлинг муайян кардааст, худи Блэр вуҷуди “манфиати шахсӣ” дар ин қарордодро рад мекунад. Аммо ин ки Блэр мушовири Назарбоев шудааст, барои бисёриҳо “дастак шудааст”, ки мегӯянд, Блэр аз робитаҳои замони нахуствазириаш манфиат мебардорад.

ПАС, ВАЗЪИ ҲУҚУҚИ БАШАР ЧӢ МЕШАВАД?

Ба дунболи мазҳакаи “Борат” ва чанд саҳнаҳои тамасхуромези Саша Барон Коэн, ки миллати қазоқро қафомондаву хандадор тасвир кардааст, мақомоти ин кишвар ба шиддат аз пайи тағйири ин “тасвири нохуб” ва касби обрӯи баланд дар арсаи байнулмилалӣ мегарданд.

Дар зимн, дар байни кишварҳои минтақа Қазоқистон шояд ягона давлатест, ки барои худро дар чашми дигарон хуб ҷилва додан миллионҳо доллар сарф кардааст.

Равобити Тони Блэр бо президенти 71-солаи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар соли 2000- ум, замони нахустин сафари расмии собиқ нахуствазир ба Қазоқистон оғоз гирифт. Баъдан ин робитаҳо дар сатҳи дӯстии хусусӣ ё хонаводагӣ таҳким ёфтанд. Ин дӯстӣ баъди дур шудани Блэр аз мақоми раҳбарӣ низ идома пайдо кард ва сарфи назар аз нигарониҳои ҷомеъаи байналмилалӣ аз вазъи ҳуқуқи башар дар Қазоқистон, собиқ нахуствазири Британия пайваста диду боздидҳоеро адар Қазоқистон анҷом дод.

Авоили сол Департаменти давлатии Амрико дар гузориши солонаи худ Қазоқистонро дар заминаи шиканҷаи зиндониҳо, боздоштҳои ғайриқонунӣ ва фасоди фарогир интиқод кард. Ин қонуншиканиҳо дар гузориши Гурӯҳи ҳуқуқи башари Афви Байналмилалӣ низ сабт шудаанд. Нашрияи “Мейл Онлайн” аз қавли сафири собиқи Британия дар Узбакистон Крейг Мурей навиштааст: “Ончӣ Тони Блэр огоҳу ноогоҳ мекунад, дар асл обрӯ додан ба султони сарват аст, ки ҳуқуқи башарро зери по кардааст.”

ИҚДОМИ САРИВАҚТӢ Ё ХАРҶИ БЕҲУДАИ МАБАЛАҒ?

Арзёбии хабари ҷалби Блэр ба сифати мушовир дар Қазоқистон дар доираҳои сиёсии ин кишвар якранг нест. Бархе ин иқдомро саривақтӣ ва ба манфиати кишвар арзёбӣ мекунанд. Бархи дигар бо ишора ба таҷрубаҳои Қазоқистон дар заминаи ҷалби “мушовирҳо” онро харҷи беҳудаи маблағ унвон кардаанд.

Сиёсатшиноси қазоқ Расул Ҷумала мегӯяд, Қазоқистон бояд “мушовирбозӣ”-ро ҳамчун як амали бефоида бас кунад: “Аз соли 1990, аз замони истиқлолияти кишвар мо шоҳиди фаъолияти мушовирҳои хориҷӣ будем. Паёмади фаъолияти пурсару садои мушовири амрикоиро ҳама ёд доранд. Баъдан аз Миср мушовир овардем ва ҳамин тавр аз Фаронсаву Корея. Қазоқистон худаш мушовирони хуб дорад, ки аз ҷиҳати малакаву тавонмандӣ аз Блэр кам нестанд.”

Аммо Айдос Сарум, сиёсатшиноси дигар ин иқдомро саривақтӣ ва даъвати Блэрро ба сифати мушовир ба манфиати Қазоқистон арзёбӣ мекунад: “Ман аз ин қарор пуштибонӣ мекунам. Тони Блэр сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ аст ва таҷрибаи ӯ барои Қазоқистон муфид хоҳад буд. Сиёсатмадоре, ки навиштаҳои матбуотро ба инобат мегирад, аз манфиъат холӣ нахоҳад буд.”

АРЗЁБИИ ЧОПЛУСОНАИ БЛЭР

Бори охир Тони Блэр моҳи май барои иштирок дар нишасти Шӯрои сармоягузорони хориҷӣ ба Қазоқистон омад. Дар ин нишаст, ки дар он Нурсултон Назарбоев раисӣ мекард, президенти Бонки Аврупоии Рушд, раҳбари ширкати “АрселорМитал” Лакшми Миттал ва чеҳраҳои шинохтаи дигар меҳмон буданд. Саховати Блэр дар маҷлис дар заминаи тавсифи пешравиҳои Қазоқистон бебаркаш буд. Ӯ дастовардҳои ин кишварро “хеле олӣ” ва даъвати сармоягузорон ба нишастро қадамҳои муфид барои оянда арзёбӣ кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG