Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳаммадқасими Фаҳим, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон бо Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ анҷом додааст.

Вай ба дунболи музокироти дуҷонибаи ҳайатҳои Тоҷикистону Афғонистон дар шаҳри Душанбе таъкид кард, ки Тоҷикистон дар қазияҳои Афғонистони ҳамҷавор дахил аст ва ҷониби Кобул дар робита ба масъалаи эҳёи сулҳу субот дар минтақа бо Душанбе машварат мекунад.

Рӯзи чоршанбе дар пойтахти Тоҷикистон Муҳаммадқасими Фаҳим аз ҷумла гуфт: «Тоҷикистон бо вуҷуди ин, ки як кишвари хурд аст, вале онҳо қатъан ҳимоя карданд ва қатъан худро дар қазияи минтақа ва Афғонистон дахил медонанд ва мо ҳам дар машваратҳои марбут ба қазияҳои муҳими сиёсии минтақа ва Афғонистон бо онҳо суҳбат мекунем ва гӯш мекунем.»

Муҳаммадқасими Фаҳим, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон дар раъси як ҳайати баландпоя ба Тоҷикистон сафар кардааст ва интизор меравад рӯзи панҷшанбе дар маросими ботантанаи ифтитоҳи хати баландшиддати интиқоли барқӣ Сангтӯда-Пули Хумрӣ иштирок намояд.

Ҳафтаи гузашта Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида дар силсиласафари худ ба минтақа, нақши кишварҳои ҳамҷавори Афғонистонро дар дастёбӣ ба сулҳ дар он кишвар муҳим арзёбӣ кард.




Коршиносон паёми хонум Клинтон дар бораи имкони идомаи музокироти сулҳ бо Толибонро ёдовар шуда, аз эҳтимол дур намедонанд, ки мақоми амрикоӣ аз Тоҷикистон хоста бошад, ки бо истифода аз нуфуз дар байни нерӯҳои сиёсии Шимоли Афғонистон, онҳоро ба дастгирӣ аз идомаи музокирот бо Толибон ташвиқ кунанд.

Абдуллоҳи Раҳнамо

Абдуллоҳи Раҳнамо

Ба назари таҳлилгарони масоили минтақа, Тоҷикистон натанҳо метавонад дар суботу сулҳи Афғонистон саҳм бигирад, ҳамчунин манфиатдораст, ки дар кишвари ҳамсояаш оромиву осоиш бошад.

Абдуллоҳи Роҳнамо, коршиноси масоили сиёсӣ бар ин назар аст, ки ду шакли таъсир барои ба даст овардани сулҳ дар ҳар кишвари ҷангзада аст. Яке роҳи қудратӣ ва дуввумӣ равонӣ аст, ки Тоҷикистон аз лиҳози равонӣ ва иҷтимоӣ метавонад ба ҳамсоякишвараш мусоидат кунад: “Агар дар Афғонистон оромӣ набошад ва амн набошад бисёр барномаҳое, ки Тоҷикистон дар оянда дар назар дорад, аз ҷумла раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, роҳ ёфтан ба Ҷануби Осиё маъно надорад. Аз ин рӯ Тоҷикистон манфиатдор аст, ки дар Афғонистон сулҳ бошад. Дигар ин, ки ҷойгоҳи ҷуғрофии Тоҷикистон, ки дарозтарин марзи муштаракро дар қисмати шимол бо Афғонистон дорад, имкон медиҳад дар сарнавишти он таъсир гузорад. ”

Исмоилхон, вазири энержӣ ва захоири обӣ Афғонистон

Исмоилхон, вазири энержӣ ва захоири обӣ Афғонистон

Вазири энержии Афғонистон Исмоилхон, ки ҳамроҳ бо ҷаноби Фаҳим ба Душанбе омадааст, мегӯяд, Афғонистон аз тариқи ин хатти барқ дар панҷ моҳи гармо бо иқтидори 300 мегават аз Тоҷикистон нерӯ хоҳад гирифт: «Аз тариқи ин хат дар сол панҷ моҳ Афғонистон аз Тоҷикистон барқ хоҳад гирифт ва бо ин минвол то соли 2015 идома хоҳад кард ва пас аз он мо барои 12 моҳ дар сол аз Тоҷикистон бо теъдоди 300 мегават барқ хоҳем гирифт.»

Ба қавли вазири энержӣ ва захоири оби Афғонистон, кишвари Тоҷикистон бар иловаи барқе, ки ба Тоҷикистон медиҳад, ҳамчунин дар расонидани кӯмакҳои башарии ҷаҳонӣ ба Афғонистон мусоидат мекунад. Ва гузашта аз ин, Тоҷикистон ба унвони кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанг дар беҳбуд бахшидани зербиноҳои иҷтимоии Афғонистон нақши амалӣ хоҳад дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG