Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Курраи Замин хонаи 10 миллиард нафар хоҳад шуд


Созмони Миллали Муттаҳид имрӯз бо нашри гузорише гуфт, аҳолии курраи Замин то соли 2100 ба 10 миллиард нафар хоҳад расид. Гузориши Муассисаи нуфусшумории созмон дар остонаи ба 7 миллиард расидани аҳолии саёра нашр шуд ва дар он омадааст, фишори демографӣ, ҳамчунон кори фақрзудоӣ ва ҳифзи муҳити зистро мушкил хоҳад кард. Созмони Миллал мегӯяд, агарчӣ бо шарофати банақшагирии оила суръати таваллуд дар ҷаҳон кунд шудааст, вале аҳолии замин ҳамчунон меафзояд. Бар тибқи ин гузориш, ҳоло 43 дар сади ҷамъияти курраи Заминро ҷавонони то 26-сола ташкил медиҳад ва ин рақам дар баъзе аз кишварҳо то 60 дар сад мерасад. Саёраи мо ҳоло хонаи 900 миллион нафар афроди бештар аз 60-сола аст ва теъдоди онҳо то нимаҳои ҳамин аср ба 2 миллиарду 400 миллион нафар мерасидааст.
XS
SM
MD
LG