Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон 16 ҳазор зиндонӣ авф хоҳанд шуд


Порлумони Қазоқистон имрӯз Қонун дар бораи авфи умумро тасвиб кард, ки бар асоси он 16 ҳазор зиндонӣ озод карда хоҳанд шуд. Қонуни мазкур ба муносибати 20-умин солгарди истиқлоли Қазоқистон қабул шуд. Ба гуфтаи Амирхон Амонбоев, муовини вазири адлияи Қазоқистон, бар асоси қонун, ноболиғон, занони фарзанддор ва онҳое, ки то ба 5 соли зиндон ҷазо гирифтаанд, раҳо хоҳанд шуд. Дар зиндонҳои Қазоқистон ҳоло 45 800 нафар маҳбус нигаҳ дошта мешавад.
XS
SM
MD
LG