Пайвандҳои дастрасӣ

Саъйи вазирони арабӣ барои мусолиҳа дар Сурия


Гурӯҳе аз мақомоти баландпояи кишварҳои арабӣ вориди Сурия шудаанд, то раиси ҷумҳур Башшор Асад ва мухолифони ӯро ба мусолиҳа моил кунанд. Дар ин гурӯҳ вазирони умури хориҷаи теъдоде аз кишварҳои арабӣ бо раҳбарии Қатар шомиланд ва қарор аст имрӯз бо мақомоти Сурия гуфтӯгу кунанд. Чанде пеш Иттиҳодияи Араб давлати Сурия ва мухолифонро ба мусолиҳа даъват намуд. Аммо мухолифони давлат мегӯянд, то замоне, ки Башшор Асад канорагирӣ накунад ва ба саркӯби тазоҳургаронро хотима надиҳад, бо ҳукумат гуфтугӯ нахоҳанд кард. Созмони Милал мегӯяд, дар ҷараёни саркӯби тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Сурия аз моҳи март то кунун ҳудуди 3 ҳазор нафар кушта шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG