Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия аз ҷомеаи байналмилал дархости кӯмак кард


Бо рӯшантар шудани миқёси заминларзаи вайронгар, давлати Туркия аз ҷомеаи байналмилал тақозо кард, барои рафъи паёмадҳои ин фалокат кӯмак кунанд. Дар ибтидо ҳукумати Туркия гуфта буд, ки мӯҳтоҷи кӯмак нест. Аммо бино ба гузоришҳо, ҳоло аз 30 кишвар, аз ҷумла Исроил кӯмак хостааст. Заминларзаи қавии 7,2 дараҷаӣ дар вилояти ҷанубушарқии Ван дар рӯзи якшанбе тақрибан 460 нафарро кушт ва ҳазорон нафарро бехонумон кард. Имрӯз ба маъмурони наҷот муяссар шуд, дар маркази заминларза шаҳри Эрсис, як ҷавони 18-сола ва зани 27-солаеро аз зери овор берун оваранд. Вале бозмондагони заминларза мегӯянд, ки мақомот саривақт мардумро бо сарпаноҳ таъмин карда наметавонанд. Отай Услу, муовини раиси вилояти Ван дар ин бора ба хабаргузории Ройтерс гуфт: "Ба бозмондагони заминларзаи қавӣ либос ва сарпаноҳ намерасад. Мо тамоми кӯшишро барои ҳалли ин мушкил мекунем. То ҳол ба вилояти Ван 14 ҳазор хайма фиристода шудааст." Пасларзаи қавие имрӯз маҳбусони зиндониёни маркази Ванро тарсонд, ки ба воҳима афтода ва ошӯб бардоштанд. Онҳо бо талаби интиқол ба ҷойи амн бо посбонҳо даргир шуданд ва пулиси Туркия барои пароканда кардани мардуми хашмгини ҷамъомада дар беруни зиндон аз гази ашковар истифода бурданд.
XS
SM
MD
LG