Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Тоҷикистон аз "ҳангомаҳо" дар бораи Роғун


Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як баёнияи расмӣ, аз нашри гузоришҳои ба гуфтаи ҳукумат “таҳрифомези” расонаҳои баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи нерӯгоҳи Роғун ибрози нигаронӣ кардааст. Зоҳиран манзури ҳукумат расонаҳои давлатии Ӯзбакистон аст, ки тайи чанд чаҳор моҳи ахир бештар аз 10 мақолаи интиқодӣ доир ба нерӯгоҳи барқи обии Роғун чоп карда ва аз ҷумла “Народная Слова” рӯзномаи давлатии Ӯзбакистон онро “нақзи фоҳиши қонунҳои байналмилалӣ” хондааст. Давлати Тоҷикистон мегӯяд, азмаш барои бунёди нерӯгоҳи Роғун қавист, вале ҳамчунон омода аст, дар робита ба Роғун бо кишварҳои минтақа ҳамкории зич кунад. Ӯзбакистон мегӯяд, дар сурати бунёди обанбори бузурги Роғун, миллионҳо нафар аз сокинони кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ бахусус Ӯзбакистон оби кофӣ нахоҳанд дошт. Тоҷикистон мегӯяд, ин гуфтаҳои асосе надорад.
XS
SM
MD
LG