Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиш дар Парвони Афғонистон 10 нафарро кушт


Мақомоти расмӣ мегӯянд, бар асари инфиҷори як мошини бомбгузоришудаи маводи сӯхт дар шимоли Афғонистон, дасти кам 10 нафар кушта шуданд. Ҳодиса дар вилояти Парвон рух додааст. Ба гуфтаи мақомот, бомби оҳанрабоӣ, ки дар бадани бӯшкаи мошин часпида буд, таркида дар он сӯрохе ба вуҷуд овардааст ва сабаби рехтани бензин шудааст. Чун мардум барои гирифтани бензин ҷамъ омадаанд, инфиҷори қавии дигар ба вуқӯъ пайваста, 10 нафарро кушта ва 15 тани дигарро маҷрӯҳ кардааст. Баъзе аз ин афрод ба таври ваҳшатноке сӯхтаанд. Масъулияти бомбгузориро то кунун касе бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG