Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як гурӯҳии ҷиноии фаромиллӣ дар Тоҷикистон


Гурӯҳи мазкур муддатҳои тӯлонӣ ба қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба Русия машғул будааст.

Гурӯҳи мазкур муддатҳои тӯлонӣ ба қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба Русия машғул будааст.

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон имрӯз эълом кард, як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноии фаромиллиро боздошт кардааст, ки ба қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба Русия машғул будааст. Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи кумита ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ин ҳалқаи ҷиноӣ зимни боздошт дар шаҳри Турсунзода андаке бештар аз 233 килограм афюн кашфу забт шудааст: “Ин гурӯҳи муташаккили трансмиллии нашъаҷаллоб нахуст таввасути Ӯзбакистон ба Қазоқистону Русия маводи мухаддир интиқол медоданд ва баъд онҳо хостанд, ки як канали нав ташкил кунанд ва ба ин канали нав Тоҷикистонро ҳамроҳ кунанд ва тавассути самти Тоҷикистон Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Русия маводи нашъадорро интиқол намоянд.” Ба гуфтаи Нозирҷон Бӯриев, шаш узви ин гурӯҳ аз ҷумла ду шаҳрванди Тоҷикистон ва 4 шаҳрванди Ӯзбакистон зимни амалиёт дар ду ҳафтаи пеш дастгир шуданд ва алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
XS
SM
MD
LG