Пайвандҳои дастрасӣ

Сарнавишти талх беш аз 200 нафар марду зани сину соли гуногунро дар муассисаи «Хона- интернати бемориҳои рӯҳӣ»-и ноҳияи Восеъ гирд овардааст.

Зиндагии ин афрод ба гунае ҷараён гирифтааст, ки онҳо аз ақл бегона шудаанд ва ҳоло ягона паноҳгоҳашон ин муассиса аст.

Зайнаб, ҷавондухтарест, ки 16 сол дорад ва то омадан ба ин муассиса давоми 4 сол дар парваришгоҳ барои ноболиғони ноқисулақли Душанбе бо номи Чорбоғ нигаҳбонӣ мешудааст. Пизишкон мегӯянд, асаби ин ҷавондухтар зарб хӯрдааст, ки бар асари он рӯҳан маъюб аст.

Зайнаб ба таври худ ва берабт сӯҳбат мекунад: «Аз мардакҳои бегона пул пурсидам, ака, отам то хуншор шудана лату кубам кард, ака. Неки медонӣ, ака…агар мара дуо хонанд-ку, сиҳат мешавам. …отама ёд кардам, оли мия мара мебара. Гов мекушем, тӯй мекунем…»

Аммо масъулини ин муассиса мегӯянд, бо сабабҳои номаълум падар ва ҳеҷ наздикаш аз аҳволи ин духтар хабар намегиранд.

…БА КОРИ ХУД ҲУШЁР

Дар саҳни муассисаи «Хона-интернати бемориҳои рӯҳӣ»-и ноҳияи Восеъ як гурӯҳи занони дигар машғули нақшдӯзӣ буданд. Пизишкон мегӯянд, инҳо занҳое ҳастанд, ки бемориашон гоҳ-гоҳ шиддат мегирад, вале дар бештари маврид ба мисли инсонҳои комилан тандуруст фаъолият мекунанд.

Бунафша, яке аз ин занҳо мегӯяд: «Ман раиси гурӯҳи занҳои нақшдӯз ҳастам ва нақшҳои дӯхтаамонро фурӯхта барои худ ҳар чиз мехарем.»

Сафаргул Қурбонова, як зани дигар мегӯяд: «Маро ба ин ҷо шавҳарам овард ва худаш касал шуда, мурдааст. Як бачам мурд, мазам гурехт. Бади ҳамин касал шудам.»

Гавҳарбӣ Гиёева мегӯяд, вақте, ки бемор шуд, шавҳараш бо зани дигар хонадор шуда, ӯро ба ин ҷо овардааст.

Ҳар як сокини ин муассиса ба худ сарнавиште дорад, ки ҳангоми сӯҳбат ба таври худ ҳикоя мекунад....

ЖУРА АЗ ИСРОИЛ…

Резамоҳ Миракова, ҳамшираи шафқат дар ин муассиса мегӯяд, бархе сокинон наздикони худро дар ин ҷо гузошта, дигар аз аҳволи онҳо хабар намегиранд. Аз ин рӯ, Резамоҳ мегӯяд, мо талош мекунем, то бо амалу рафтор худро наздикӣ онҳо муаррифӣ кунем ва онҳо дар шароити осуда табобат бигиранд.

Дар миёни беморон намояндаи халқу миллатҳои гуногуне бистарӣ ҳастанд. Диққати моро беморе ҷалб кард, ки хешовандонаш аз Амрико ба дидорбиниаш меоянд. Резамоҳ Миракова, ҳамшираи шафқат мегӯяд: «Жура аз шумори он беморонест, ки наздиконаш аз Исроилу Амрико хабаргириаш меоянд ва зуд-зуд тариқи телефон аз аҳволаш мепурсанд. Ин беморро хешовандонаш ба Исроилу Амрико рафтаанд ва ҳоло дар Тоҷикистон касе надорад, аммо баръакси баъзе беморони дохилӣ ӯро аз хориҷа хабаргирӣ меоянд.»

ГӮРИСТОНИ МУАССИСА

Турсунзод Пиров, пизишки дигари ин муассисаи табобатӣ мегӯяд, бархе ба суроғи наздикони маъюбашон намеоянд: «Баъзан онҳо дар ҳамин ҷо мефавтанд ва вақте наздиконашонро даъват мекунем, бисёрашон розӣ мешаванд, ки дар гӯристони ҳамин ҷо дафнаш кунем. Наздикони бисёриҳояшонро пайдо намекунем ва худамон бо тарзи мусалмонӣ гуру чубаш мекунем.»

Нарзуллоҳ Ёров, пизишки Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯяд, дар чунин муассисаҳо аслан, онҳое бистарӣ мешаванд, ки тақрибан тамоми зинаҳои табобатро гузаштаанд. Ӯ мегӯяд: «Инҳо дар беморхонаҳо чанд сол табобат гирифтаанд. Наздиконашон онҳоро дуо хондаанд, вале бо ҳар сабаб онҳо пурра шифо наёфтаанд ва ин муассисаҳо ҷое ҳаст, ки ба тадриҷ ва оҳиста-оҳиста онҳо ҳам нигоҳубин мешаванд ва ҳам табобат мегиранд.»

Нурулло Маҳмадуллоев, масъули Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ мегӯяд, дар тамоми Тоҷикистон 8 хона интернати фарогирии беморони рӯҳи вуҷуд дорад. Ба гуфтаи ӯ, дар ин муассисаҳо талош мешавад, то тариқи меҳнат ва чорабиниҳои дилхушкунанда, ҳолати равонии беморонро табобат кунанд.

Муассисаи давлатии хона-интернати бемориҳои рӯҳии ноҳияи Восеъ, ягона чунин муассиса дар вилояти Хатлон, аз беҳтарин муассисаҳои дорои шароити хуб барои нигоҳубинӣ гирифторони бемории рӯҳӣ дониста мешавад. Дар ин беморхона афроди аз сини 16 сола боло, ки дороӣ бемории рӯҳӣ ҳастанд, нигаҳбонӣ ва табобат мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG