Пайвандҳои дастрасӣ

Полис дар Маскав 20 раҳпайморо боздошт кард


Дирӯз полиси Маскав бештар аз 20 нафар аз ширкаткунандагони раҳпаймоии эътирозиро дар Маскав боздошт кард. Тазоҳуркунандагон ба нишонаи эътироз бар зидди саркашии мақомоти расмӣ аз сабти номи баъзе аз аҳзоби сисёсии мухолиф дар остонаи интихоботи порламонии 4 декабр даст ба раҳпаймоӣ заданд. Полис замоне барои боздошти ширкаткунандагон даст ба кор шуд, ки онҳо бар зидди нахуствазир Владимир Путин шиор медоданд ва мегуфтанд: “Русия бидуни Путин”. Онҳо ҳамчунин шиоре дар даст доштанд. Рӯи он навишта шуда буд, ки интихоботи бидуни ширкати мухолифон “ҷиноят ва масхара” аст.
XS
SM
MD
LG