Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама гуфт, Қаззофӣ имкони худро аз даст дод


Барак Обама
Барак Обама
Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико гуфт, Муаммар Қаззофӣ-раҳбари пешини Либия имконоти худро барои овардани демократия дар Либия аз даст дод ва марги вай паёме ба раҳбарони диктатор дар саросари ҷаҳон аст. Обама ба телевизиони NBC-и Амрико гуфт, ки Қаззофӣ “кишвари худро террор мекард ва 40 сол ҳомии терроризм буд”. Ин суханони Барак Обама дар ҳоле садо дод, ки Муаммар Қаззофӣ баъд аз панҷ рӯзи боздошт ва қатл дар биёбоне дар ҷои номаълум ба хок супурда шуд.
XS
SM
MD
LG