Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз боздиди маршал Фаҳим аз Тоҷикистон оғоз мешавад


Маршал Муҳаммад Қасим Фаҳим

Маршал Муҳаммад Қасим Фаҳим

Имрӯз боздиди серӯзаи маршал Муҳаммад Фаҳим-муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон аз Тоҷикистон оғоз мешавад. Бино ба хабарҳои расмӣ, маршал Фаҳим дар маросими оғози баҳрабардорӣ аз хатти интиқоли барқи Сангтӯда-Пули Хумрӣ ширкат хоҳад кард. Бино ба маълумоти ширкати “Барқи Тоҷик”, ҳоло танҳо шаҳри Қундуз аз Тоҷикистон барқ мегирад ва мизони он соате 15 МБт –ро ташкил медиҳад. Тавассути хати нав вилоятҳои дигари Афғонистон низ барқи ниругоҳи барқи обии “Сангтӯда-2”-и Тоҷикистонро дарёфт хоҳанд кард. Гуфта мешавад, ки барқи “Сангтӯда-2” барои содирот аст ва барои ҳар киловат соати он 3,1 ё 3,5 сент муқаррар шудааст. Нархи истифодаи барқ дар дохили худи Тоҷикистон 1,8 сентро ташкил медиҳад. Интизор меравад, ки маршал Фаҳим бо раҳбарони Тоҷикистон низ дидор ва гуфтугӯ кунад.
XS
SM
MD
LG