Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони ИА аз наҳваи баргузории интихобот истиқбол карданд


Майкл Гаҳлер
Майкл Гаҳлер
Нозирони интихоботии Иттиҳодияи Аврупо интихоботи сартосарии Тунисро шаффоф арзёбӣ карданд, вале гуфтанд, ки дар бораи “тақаллуби камтаре” низ гузоришҳо расидааст. Ниҳоди нозирони Иттиҳодияи Аврупо дар эъломияе аз райдиҳӣ дар 97 дарсади ҳавзаҳо изҳори қаноатмандӣ кардааст. Майкл Гаҳлер-раҳбари ниҳоди нозирон дар Тунис ба хабарнигорон гуфт, дар 3 дарсади дигари ҳавзаҳо райдиҳӣ бо нақзи камтари қонун сурат гирифтааст. Натиҷаҳои муқаддамотӣ нишон медиҳад, ки ҳизби ислоҳталаби Ан Наҳзо бештари курсиҳоро дар порламон ба даст овардааст. Ин порламон як сол фаъолият мекунад ва дар давоми як сол пешнависи Қонуни Асосии навро таҳия мекунад. Ҳамчунин ин порламон раиси ҷумҳур ва ҳукумати давраи гузорро интихоб ва кишварро барои интихоботи нав дар соли 2013 омода месозад.
XS
SM
MD
LG