Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдак, модар ва модаркалон наҷот дода шуданд


Дирӯз кормандони наҷот дар Туркия модаркалонеро аз зери овор зинда берун кашиданд. Қаблан духтар ва набераи вай низ наҷот дода шуда буданд. Набераи навзоди вай 14 рӯз пеш ба дунё омада буд. Дар баробари ин тибқи хабарҳо шумораи қурбониёни зилзилаи рӯзи якшанбеи Туркия ба бештар аз 430 нафар расидааст. Дар изҳороте, ки пахш шудааст, гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ин зилзила тақрибан 1300 нафар маҷрӯҳ шудаанд ва бештар аз 2 260 бино хароб шудааст. Кормандони наҷот мегӯянд, бо гузашти вақти бештар аз замони зилзила умеди зинда наҷот додани одамон камтар шудааст.
XS
SM
MD
LG