Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бердимуҳаммадов "қаҳрамони Туркманистон" шуд


Вакилони мардумӣ дар Туркманистон имрӯз ба раиси ҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов унвони қаҳрамони Туркманистонро доданд. Раиси порлумон ва ё Халқ Маслиҳатӣ, шӯрои ришсафедони Туркманистон гуфт унвони мазкурро ба хотири саҳми раиси ҷумҳур дар 20 соли истиқлолияти кишвар додаанд. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, дар солҳои гузашта ба маҳви нишонаҳои шахсиятпарастии Сафармурод Ниёзов, раиси ҷумҳури пешин шурӯъ кард, аммо ҳоло ба гуфтаи мунтақидон худаш аз ин роҳ меравад.
XS
SM
MD
LG