Пайвандҳои дастрасӣ

Қаззофиро бо русуми мусулмонон гӯр кардаанд?


Муаммар Қаззофӣ, писараш Мӯътасим ва яке аз мушовирони ӯро дар ҷойи номаълуми биёбонӣ дар Либия дафн кардаанд. Ба гуфтаи мақомоти расмии Либия онҳоро, ки се рӯз дар сардхонае дар маърази ом гузошта буданд, субҳи имрӯз дафн карданд. Ба навиштаи баъзе аз хабаргузориҳо, Қаззофиро ҷаноза кардаанд, вале Алӣ Тарҳунӣ, нахуствазири муваққати Либия гуфт, ин хабарро таъйид карда наметавонад:"Қаззофиро дафн карданд. Ман мутмаин нестам, вале ба андешаи ман ӯро ба расми мусулмонӣ гӯр карданд. Ман фикр намекунам, ки ӯ шоистаи ин буд, вале тасмими Шӯрои олии гузор чунин буд." Марги Қаззофӣ ба ҷанги ҳаштмоҳа дар Либия хотима дод. Ӯро рӯзи панҷшанбе дар зодгоҳаш шаҳри Сирт дастгир карданд ва сипас дар шароите норӯшане ҳалок шуд. Ҳукумати муваққати Либия ваъда додааст, ки қазияи марги Қаззофиро таҳқиқ мекунад.
XS
SM
MD
LG