Пайвандҳои дастрасӣ

Наҷоти достонмонанди як тифли навзод дар Туркия


Маъмурони наҷот дар Туркия имрӯз як пиразану духтараш ва набераи навзоди дуҳафтаинаи ӯро аз зери овор зинда берун оварданд. Дар баробари ин хабари хушҳолкунанда, айни замон омори маъюскунанда доир ба теъдоди қурбониёни заминларзаи вайронгари рӯзи душанбе дар ҷанубушарқи Туркия нашр шуд. Ба гуфтаи мақомот теъдоди қурбониёни заминларзаи 7,2 дараҷаии рӯзи якшанбе дар вилояти Ван то кунун ба 430 нафар расидааст. Тақрибан 1300 нафар маҷрӯҳ ва бештар аз 2260 хона вайрону валангор шудааст. Бо гузашти 47 соат аз заминларза умеди наҷотбахшон барои пайдо кардани зиндамондагон аз зери овор кам мешавад. Шаби дуввум аст, ки ҳазорон нафар аз тарси такрори заминларза шаби худро дар хаймаҳо ва дар ҳавои сард сипарӣ карданд. Нахуствазири Туркия рӯзи душанбе гуфт, кишвараш тавоноии рафъи паёмадҳои заминларзаро дорад ва мӯҳтоҷи кӯмаки байналмилалӣ нест.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG