Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Эрон ба хотири тарҳи сӯиқасд бояд ҷавоб диҳад!”


Амрико тасмим дорад, дар ҷавоб ба тарҳи сӯиқасди хунсошуда ба ҷони сафири Арабистони Саудӣ, ки ба қавли мақомоти амрикоӣ аз тарафи Эрон сарпарастӣ шудааст, Бонки марказии Эронро аз муомилоти байнулмилалӣ маҳрум кунад.

“Эрон бояд ба хотири тарҳи сӯиқасд ҷавоб диҳад!” Ин аст паёми Дейвид Коҳен, ёвари вазири молияи Амрико дар масъалаи мубориза бо терроризм ва иктишофи молӣ, ки ҳафтаи равон дар пойтахтҳои аврупоӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтааст.

Коҳен, ки дар вазорати молияи Иёлоти Муттаҳида таҳримҳои Эронро назорат мекунад, рӯзи душанбе (24 октябр) дар Лондон нақшаи хунсошудаи куштори сафири Арабистони Саудӣ дар Амрикоро арзёбӣ намуда, пешниҳод кард, ки дар ҷавоб ба ин тарҳи куштор таҳрими Эрон тавсеа ёбад. Ин масъала ҳангоми зиёратҳои Коҳен аз Фаронса, Олмон ва Итолиё низ баҳс хоҳад шуд.

Ҳадафи асосии ин таҳримҳо Бонки марказии Эрон аст, ки дар ҳоли маҳрум шудан аз муомилоти байнулмилалӣ, вазъи иқтисоди Ҷумҳурии Исломиро табоҳ хоҳад кард.

Дейвид Коҳен
Дейвид Коҳен

Коҳен дар Лондон гуфт, тавсеаи таҳрим имконоти тавлиди силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Теҳронро коҳиш хоҳад дод. Ӯ афзуд, кишвараш саъй дорад, Эронро аз баҳрабардорӣ дар бахши молии байнулмилалӣ маҳрум кунад.
Эрон иброз дошт, ки дар тарҳи сӯиқасд ба ҷони сафири Арабистони Саудӣ дар ИМА ҳеҷ нақше надорад ва айбномаи Вашингтон, ки 11 октябр эълон шуда буд, ҳарфи подарҳавост. Дар айни замон вазири умури хориҷии Эрон Алӣ Акбар Солеҳӣ мегӯяд, Теҳрон бо вазнинтарин таҳрими сиёсиву иқтисодии 32 соли ахир мувоҷеҳ шудааст.

Дар ҳоли муваффақ шудани сафари аврупоии Коҳен, Бонки марказии Эрон дар рӯйхати сиёҳи муассисаҳои байнулмилалии молӣ ҷой хоҳад гирифт. Ҳафтаи гузашта Иттиҳодияи Аврупо бо ишора ба тарҳи сӯиқасд ба ҷони сафири Саудӣ бар зидди панҷ нафар таҳрим эълон карда, ба Эрон ҳушдор дод, ки агар нигаронӣ дар иртибот бо барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ рафъ нагардад, эҳтимол иқдоми баъдӣ низ андешида хоҳад шуд.

Алӣ Акбари Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон
Алӣ Акбари Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон
13-уми октябр ҳангоми баррасии низоми бонкдорӣ дар Сенати ИМА Коҳен изҳор намуд, ки тавсеаи таҳрими Амрико зарур аст: “Умуман, ниҳодҳои молии амрикоӣ ҳақ надоранд, ки бо бонкҳои эронӣ ва аз ҷумла бонки марказии Эрон муомила кунанд. Вале, агар таҳрими амрикоии Бонки марказии Эрон аз пуштибонии байнулмилалӣ баҳраманд шавад, таъсири он рӯи Эрон бештар хоҳад шуд.”

Иқтисодшиноси эронии муқими Фаронса Фаридуни Хованд мегӯяд, Бонки марказии Эрон муҳимтарин василаи иртиботи молии Эрон бо олами беруна аст: “Ҳадаф қарор додани Бонки марказӣ аз тарафи Қасри Сафед охирин иқдоми Вашингтон, қабл аз таҳрими содироти нафти Эрон аст. Аз ин рӯ, ҳаракати Вашингтон дар муқобили Бонки марказии Эрон оғози як ташаннуҷи дуру дарози миёни Теҳрону Вашингтон аст.”

Аммо коршиносон бо ишора ба кишварҳои шабеҳи Чин, ки аз харидорони муҳими нафти Эрон ба шумор меравад, мегӯянд, дарёфти пуштибонӣ аз таҳрими Бонки марказии Эрон осон нахоҳад буд. Ба қавли онҳо, ба дастгирии таҳримҳо моил намудани Русия ҳам кори душвор аст. Ин дар ҳолест, ки мақомоти амрикоӣ мегӯянд, онҳо ҳафтаи гузашта ҳайатҳои кориеро ба Чин, Русия ва Туркия фиристоданд, то дар бораи тарҳи сӯиқасди Эрон ба ҷони сафири Саудӣ тафсилот диҳанд.
XS
SM
MD
LG