Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси буҷа. Талко ва "Барқи тоҷик" -- қарздорони бузург


Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон

Бо вуҷуди он ки вазири молия иҷрои қонуни буҷаи давлат дар нуҳ моли аввали соли равонро 104 дарсад хонд, Кумитаи иқтисод, буҷа ва молиёти порлумон ба камбудҳои зиёде дар иҷрои буҷа таъкид кард.

Сафаралӣ Раҷабов, раиси ин Кумитаи порлумон гуфт, теъдоди андозҳои пардохтнашуда беш аз 700 миллион сомонӣ аст ва ширкати Талкову “Барқи тоҷик” қарздорони аслӣ ба ҳисоб мераванд.

Ҷаноби Раҷабов афзуд, аудитҳои дохилии вазоратҳо беш аз 900 мавриди тафтишро иҷро кардаанд, ки хисороти иҷрокардаи онҳо 9 миллион сомонист. Ӯ афзуд: “Зарари ошкоркардаи онҳо нисбат ба зараре, ки Оҷонси мубориза бо коррупсия ошкор кардааст, даҳ баробар кам аст. Далелҳои ошкоршуда шоҳиди камбуди зиёд дар иҷрои буҷа мебошад.”

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи ҷумҳурӣ, интиқодҳоро пазируфт ва гуфт, ки “камбудҳо ҳастанд ва мо онҳоро баррасӣ мекунем. Дар ҳақиқат, нақшае, ки мо дар бораи паст кардани шиддати таваррум доштем, иҷро нашуд ва мизони таваррум ба 9 дарсад расид. Барои ҳамин, ба мақсади татбиқи устувори дурнамои идораи молӣ мо механизми нави ташаккули захираҳои депозитӣ ва аз ҳисоби иҷрои барзиёди буҷа фонди стабилизатсиониро тақвият мебахшем.”

Вазири молия гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ҷумҳурӣ захираҳои кофии пулӣ ва молӣ дар ихтиёр дорад. Ин иддаоҳои вазир боиси ҳадсу гумонҳо дар мавриди изофагӯиҳои вазорату идораҳо шудааст.

Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров алорағми иддаоҳои вазири молия гуфт, ки вазъи молии ҷумҳурӣ хуб нест. Вай афзуд, агар вазъи молӣ хуб мебуд, Кумитаи андоз дар саросари ҷумҳурӣ рейд намегузаронд.



“Ҳар як ҳокими ҷумҳурӣ ба хотири худнамоӣ изофанависӣ мекунад, дар ҳоле ки шиддати таваррум мазмун ва қурби пулро коҳиш додааст. Агар давлат барои иҷрои коре як миллион сомонӣ ҷудо кардааст, он як миллион дар ҳоли ҳозир барои хариди масолеҳе, ки дар гузашта як миллион арзиш дошт, намерасад. Иҷрои буҷа ба ин тариқ мумкин нест”,-илова кард ӯ.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик

Давлатмурод Ҷумъаев, коршиноси дигари иқтисод, низ ба ҳамин назар аст. Вай афзуд: “Ҳисоботи вазирони мо хеле ҷолиб аст. Ғайр аз худашон дигар ҳеҷ кас ба муҳтавои он сарфаҳм намеравад. Дар Тоҷикистон маъмул аст, ки ҳар як кори нимкораро анҷомдода меҳисобанд. Гоҳ-гоҳ дурӯғ ҳам мегӯянд. Барои мисол, мумкин аз ҳисоби пардохтҳо аз амволи ғайри манқул ва дигар сарчашмаҳо монанди роҳ даромад бештар шавад, аммо аз андози корхонаҳои бузурге мисли Талко ва “Барқи тоҷик” кам шавад. Онҳо ҳисоби умумро гирифта, мегӯянд, ки оидот ба буҷа сад дар сад иҷро шуд.”

Дар маҷмӯъ, ба қавли коршиносон, наметавон натиҷаи 9 моҳро иҷрои воқеии буҷа дар соли ҷорӣ хонд. Соли гузашта низ дар 9 моҳ буҷа ба қавле иҷро шуда буд, вале дар муҳокимаи порлумонӣ, ки бо ширкати вазирону раисони кумитаҳо дар порлумон баргузор шуд, як саҳнаи аз қабл тарҳрезишударо ба ёд меовард, ки дар посухи суоли вакилон вазирон омодаи ҷавоб буданд ва суолҳо низ ба буҷаи ҷумҳурӣ кам дахл доштанд.

Бо вуҷуди ин, вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов гуфт, ки буҷаи соли гузаштаи 2010 иҷро нашуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG