Пайвандҳои дастрасӣ

Дафни Муаммар Қаззофӣ ва писараш дар биёбон


Имрӯз Муаммар Қаззофӣ, писараш Мӯътасим ва яке аз дастёрони ӯро дар ҷойи номаълуми биёбонӣ дар Либия дафн кардаанд. Маҳмуд Шаммом, вазири иттилоъоти Либия имрӯз дар ин бора гуфт: "То ҷое ман медонам, доир ба ҷойи дафни Муаммар Қаззофӣ, фатво содир шудааст. Мӯҳтавои дақиқи фатворо гуфта наметавонам, аммо дар он амр шудааст, ки ҷасади ӯро набояд дар гӯристони мусулмонҳо ё ҷойи маълуме дафн кунанд, то аз ҳаргуна фитна ҷилавгирӣ шавад." Ҷасади ин афродро, дар сардхонае дар шаҳри Мисрота нигаҳ медоштанд. Марги Қаззофӣ ба ҷанги ҳаштмоҳа дар Либия хотима дод. Муаммар Қаззофӣ, раҳбари пешини Либияро рӯзи панҷшанбе дар зодгоҳаш дар шаҳри Сирт куштанд ва шароити марги ӯ рӯшан нест. Зери фишори ҷомеаи байналмилалӣ, Мустафо Абдулҷалил, раҳбари Шӯрои олии гузори Либия қавл дод, ки шароити ҳалокати Қаззофиро таҳқиқ хоҳад кард ва кумитае махсусе барои ин кор таъсис дода шудааст.
XS
SM
MD
LG