Пайвандҳои дастрасӣ

Исмоилов: "Аз навиштаҳоям пушаймон нестам"


Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори тоҷик, ки тӯли ёздаҳ моҳи ахир дар боздоштгоҳи Хуҷанд нигаҳдорӣ мешуд, ахиран ба озодӣ баромад. Додгоҳ ӯро 35 ҳазор ҷарима баст...

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори тоҷик, ки тӯли ёздаҳ моҳи ахир дар боздоштгоҳи Хуҷанд нигаҳдорӣ мешуд, ахиран ба озодӣ баромад. Додгоҳ ӯро 35 ҳазор ҷарима баст...

Гуфтугӯи хабарнигори "Озодӣ" бо Муҳаммадюсуф Исмоилов, ки тӯли ёздаҳ моҳи ахир дар боздошт буд.

Муҳаммадюсуфи Исмоилов пас аз раҳоияш аз боздоштгоҳи Хуҷанд барои як дидорбинӣ бо дӯстону наздикон ба Душанбе омада буд ва мо аз фурсат истифода карда, бо эшон сӯҳбате анҷом додем.

Муҳаммадюсуф Исмоилов: "Дар соли 2006 Даврон Зоҳидов, ки ҳоло дар Дастгоҳи иҷроияи президент фаъолият дорад, ба ноҳияи Ашт раис ва Хуршед Улмасов додситон таъйин шуданд. Аммо онҳо ба ободкориву пешравии ноҳия эътибор намедоданд. Кӯчаҳои Шайдон, маркази ноҳияи Ашт, пурчангу ғубор, дарахтон хушк, беморхона ва сохтмонҳои соҳаи маориф рӯ ба таназзул ниҳоданд. Роҳҳо ба дараҷае харобу валангор шуданд, ки кӯчаҳои Шайдон солҳои 1941-42-ро ба хотир меовард. Мардуми Шайдон ва меҳмонон аз чунин вазъ нороҳат шуда, мепурсиданд, ки оё як одами зинда ҳаст, ки ба боло ин вазъро бифаҳмонад. Ман ин ҳарфҳоро шунида, азият мекашидам. Зеро ман хабарнигори “Нури зиндагӣ” будам. Чандин навбат ба масъулин, аз ҷумла раиси ноҳия муроҷиат карда, гуфтам, ки чорае биҷӯянд, аммо онҳо парво намекарданд. Ҷамоати шаҳраки Шайдон ду маротиба муроҷиат кард, ки барои бартараф кардани камбудҳо ёрӣ кунанд, вале бидуни натиҷа. Идораи бозрасии автомобилӣ низ панҷ маротиба дар бораи валангору тахриб шудани роҳҳои Шайдон муроҷиат кард, вале нафаре додшунав пайдо нашуд. Бо ҳамаи масъулини ин соҳаҳо сӯҳбат карда, дар заминаи гуфтаи онҳо як мақола бо номи “Вайронаҳои Шайдонро кӣ обод мекунад” дар “Нури зиндагӣ” ба нашр расонидам. Пас аз нашри ин матлаб ба кор сар карданд. Аммо боз ҳам корҳоро то ба охир нарасониданд. Боз мақолаи дигареро бо номи “Чанги Шайдон дар осмон” чоп кардам. Ин мақола аз мушкилоти беморхонаи Шайдон, ки солҳои чилум сохта шуда ва боре ҳам рӯи тармимро надида буд, ҳикоят мекард. Тирезаҳои ин беморхонаро кушода намешуд, чунки чангу хоки кӯча ба дохил медаромад ва худи касалхона ба ҳадде бӯй гирифта буд, ки кас ҳайрон мемонд. Аммо ягон маротиба раиси ноҳияро надидам, ки пиёда аз ин ҷо гузар карда, ин манзараҳоро дида бошад. Аз утоқи корӣ рост ба мошин ва аз мошин рост ба утоқи корӣ медаромад."




Радиои Озодӣ: Яъне масъулин барои ободӣ ва бартараф кардани мушкилҳо камтар заҳмат мекашанд?

Муҳаммадюсуф Исмоилов: "Соли 2006 барои бо об таъмин намудани 6 ҳазор мардуми Ашт лоиҳаи махсуси Вазорати обу обёрӣ тасдиқ шуд. Ҳарду тарафи роҳи асосии Шайдонро барои хобонидани лӯлаҳои интиқоли об канданд. Лӯлаҳоро дар ду тарафи роҳ хобониданд, як сол сипарӣ мешавад, аммо на аз об дарак ҳасту на ҳарду шафати кандаи роҳро мепӯшонанд. Дар ҳоле ки дар ҳарду тараф ҳавлиҳои мардум ҷойгир шудааст. Мардум ҳам ба дод омад, идораи ҷамоа ҳам. Чун хиёбони марказӣ, ки буд, ҳамаи ташкилоту муассисаҳо низ ба дод омаданд. Боз шаш моҳи дигар гузашт. Ҳамаи ин ҳолатро дар мақолаҳо нишон додам."

ДАР РӮЁРӮИ БО МАҚОМОТ

Радиои Озодӣ: Чаро Шумо, масалан, мустақим ба худи роҳбари ноҳия арзу доди мардумро нарасонидед?

Муҳаммадюсуф Исмоилов: "Вақте раиси ноҳия Зоҳидов ба кор шурӯъ кард, писари тағо ва холаи ман дар ҳукумати ноҳия ба сифати котиб кор мекарданд. Рости гап, намехостам ин мақолаҳо чоп шаванд, агар раис маро қабул карда, барои рафъи ин камбудҳо тадбир меҷуст. Аммо ин наздиконам маро имкони мулоқот бо раис намедоданд. Ҳамеша "раис нест" мегуфтанд. Чун дидам, ки қабул намекунад, матлаберо бо номи “Ашт дашт мешавад” навишта, чоп кардам. Дар қатори камбудҳо ҳамчунин навиштам, ки раиси ноҳия на танҳо маро, балки мардумро ҳам қабул намекунад. Пас аз он ки мақола чоп шуд, худи Даврон Зоҳидов маро даъват карду гуфт, ки "биёед, акнун ҳамкорӣ мекунем." Махсус худаш телефон кард, ҳарчанд ки котибҳояш намехостанд."

ОЁ МУҲАММАДЮСУФ НИЗ "ТАҲРИРӢ" БУД?

Радиои Озодӣ: Шумо пештар низ бо нашрияҳо ҳамкорӣ доштед?

Муҳаммадюсуф Исмоилов: "Бале, масалан, бо “Нерӯи сухан”. Сабаби рӯ оварданам ба ин нашрия он буд, ки боҷуръат ва нотарсона маводи танқидиро дарҷ мекард. Соли 2004 буд. Ҳамроҳ бо ҳамсарам савори қатори Душанбе-Хуҷанд шудем. 18 нафар корманди қатор, аз ҷумлаи роҳбаладҳо, ходимони гумрук, марзбонӣ ва милиса аз мусофирон ду сомонӣ ҷамъ мекарданд. Ман надодам. Гуфтам надорам. Роҳбалад ва милиса назди хонумам омада гуфтанд, ки чаро Шумо пулро намедиҳед. Вай гуфт, ки пул надорад, чун бо шавҳараш дар сафар аст. Онҳо омада мегуфтанд, ки Шумо чи хел инсон ҳастед, ки ду сомонӣ пул надоред. Ду милиса омада шиносномаҳои ману оилаамро гирифта бо худ бурданд. Яке аз онҳо ба тарафи занам гашту гуфт, ки чӣ тавр ҳамин одами бадафти безебро гирифтӣ, дигар мард набуд чӣ? Як тарафаш каҷ, як тарафаш варам, дигар шавҳар ёфт нашуд чӣ? Занам посух дод, ки хуб дар пешониам ҳамин будааст. Кормандони гумрук, милиса, сарҳадбонҳо ҳам омада ҳамин суханро такрор мекарданд. Кор ба ҷое расид, ки роҳбаладҳо моро аз истифодаи оби ҷӯш ё чойи поезд маҳрум карданд. Онҳо намегузоштанд, ки чой бигирем. Ба мо мусофирон ёрӣ мекарданд. Ба сари мо ҳамчун посбон рост истоданд, ки мабодо чой гирем. Вақте Хуҷанд расидем, ду нафар роҳбалад аз гиребонам гирифта, такон дода гуфтанд, ки “ту муттаҳам барои ду сомонӣ моро шарманда кардӣ, ту барин одамро дар умри сарамон надида будем” ва сипас аз дари қатора ба берун андохтанд. Ман як ба пушт задам, вале ҳеҷ ҷоям осеб надид. Ин моҷароро бо номи “Пулҳо барои мафия” дар “Нерӯи сухан” навишта чоп кардам. Баъди тахминан 15 рӯзи чопи мақола кормандон аз милиса, амният, додситонӣ ба манзили зисти ман омада, дар ғайби ман занамро водор мекунанд ва ӯ барояшон кабинети кориамро мекушояд ва онҳо дар он ҷо дар қатори дигар китобу коғазҳои гуногун, кутуби зиёдеро бо ҳуруфи арабӣ мебинанд. Ин китобҳо, аз ҷумла аз осори Аҳмади Дониш, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, "Гулистон”-у “Бӯстон”-и Шайх Саъдӣ, ғазалиёти Хоҷа Ҳофиз “Баҳористон”-и Ҷомӣ, ”Заруриёти динӣ”, “Мухтасари виқоя” ва чанде дигар буданд, ки онҳоро рӯйхат карда, бо худ мебаранд. Вақте омадам, ҳанӯз онҳо нарафта буданд. Гуфтанд, ки Шумо узви “Ҳизбуттаҳрир” ҳастед. Гуфтам бо чӣ асос ин тавр мегӯед. Ба китобҳо ишора карданд. Гуфтам, ин китобҳо дар ҳама ҷо ҳастанд. Гуфтанд дар вилоят баъди ташхис мефаҳмем, ки инҳо чӣ китобанд. Хулоса санад тартиб дода, даъват карданд, ки имзо гузорам. Ман рад кардам. Корманди милиса як бор бо қаҳр туфангашро, ки дар пешаш гузошта буд, бардошту ба замин зад. Гуфтам, Шумо маро тарсониданиед, сипас ба коғазашон навиштам, ки ман узви Ҳизбуттаҳрир нестам, онро намешиносам, гуноҳ надорам ва сипас имзо гузоштам. Онҳо гуфтанд, ки "фардо ба Идораи амнияти вилоят оед, ҳамаашро дар он ҷо мефаҳмонанд". Рафтам. Маро аз амнияти вилоят гирифта, рост ба вокзал бурданд. Дар он ҷо маро дар ихтиёри як нафар корманди амният ва додситонии вокзал гузоштанд. Вале он корманди вилоятии амният гуфт, ки китобҳоятонро Идораи дини вилоят санҷид, китобҳои хуб будаанд, то бегоҳ мерасонанд, аз китобҳо ташвиш накашед. Аз утоқи кории корманди додситонии вокзал ба Душанбе занг заданд. Баъди чанд ҳарфе гӯширо ба ман доданд. Он нафар Имомов аз Прокуратураи генералӣ будааст. Гуфт, ки Шумо аз Ашт. Тасдиқ кардам. Шумо мақола навишта, 18 касро сиёҳ кардаед, ҳамаи онҳо ҷавоб навишта, гуфтаҳои Шуморо рад карданд. Шумо нависед, ки ин ҳамааш дурӯғу тӯҳмат аст ва имзо гузоред. Ман гап нест гуфта гӯширо гузоштам. Ба ман коғаз оварданд. Он мақоларо дубора рӯи коғаз овардам, нарезондаву начаконда. Пеш аз навиштан, хоҳиш кардам, ки як чой биёранд, ки субҳона накардаам. Вақте варақи навиштаи маро гирифта ба Имомов тавассути телефон қироат кард, ӯ боз гӯширо ба дастам дод. “Шумо аҳмақ, будед, чӣ кор карда истодаед, Шумо девона нестед?” Гуфтам, чаро Шумо маро девона мегӯед, ман воқеиятро навиштам, чаро нависам, ки дурӯғ аст. “Э, Шумо муттаҳам будаед, гӯширо пас диҳед”,-гуфт. Чойро зуд аз пешам гирифтанд. Баъди чанде маро ҷавоб доданд. Пас аз як моҳ ба нашрия ҷавоб фиристода гуфтанд, ки ба ҳамаи он кормандон ҷазо додаанд."

БОЗДОШТ БАРОИ "ХУДКУШӢ ДАР АШТ"

Радиои Озодӣ: Шуморо барои кадом мақолаатон боздошт карданд?

Муҳаммадюсуф Исмоилов: "Ман дар бораи куштори як нафар фурӯшанда мақола навиштам. Ин куштор чӣ тавр сурат гирифта буд? Як нафар хост дар паҳлуи чанд мағозаи фурӯши молҳои саноатӣ ва ашёи рӯзгор як дӯкон, ки ба фурӯши оби ҷав ва қаҳва машғул аст, боз кунад. Ҳуҷҷат ҳам гирифт. Аммо ӯро қасдан онҳое, ки соҳиби мағозаи дигаранд, бо мошин заданд. Ӯ ба додситонӣ муроҷиат кард. Додситонӣ баръакс тарафи муқобили ҷабрдидаро гирифт. Нафари ҷабрдида аз тариқи матбуот ба Прокурори генералӣ ва раисиҷумҳури Тоҷикистон дархости кӯмак карда, ҳодисаи рухдодаро низ ҳикоят кард. Баъди чопи мақола ҷабру ҷафо болои нависанда зиёд шуд. Тавассути кормандони додситонӣ ва милисаи ноҳия ӯро зери фишор қарор медиҳанд, ки чаро онро навиштааст. Ин шахс ба ҳамаи ин ҷафоҳо тоқат карда хост як танӯрхона сохта санбӯса бипазад ва аз ин роҳ маишати хонаводаашро таъмин кунад. Ӯ як танӯр насохта буд, ки аз ҳукумати ноҳия омада мегӯянд, ки бояд танӯрхонаро бардорӣ, ки моро прокурор маҷбур дорад. Ӯ ба чандин идора муроҷиат кард, ки омодааст бо камтарин маош кор кунад вале ҳама мегуфт, ки метарсанд аз прокурор. Ва ӯро дар ҳеҷ ҷо ба кор нагирифтанд. Ӯ дар коғазе “дод аз дасти прокурор” навишта, худро овехт. Ин мактуб ба дасти ман расид. Ман маҷбур шудам, ки мақолаеро бо номи “Худкушӣ дар Ашт” навишта, пешниҳоди мардум намоям."

ФАРҚИ СИЗО. АЗ ШАЙДОН ТО ХУҶАНД...

Радиои Озодӣ: Бо Шумо дар боздоштгоҳ чӣ тавр муносибат мекарданд?

Муҳаммадюсуф Исмоилов: "Муносибаташон бо ман, махсусан дар Сизои Хуҷанд, хуб буд. Маро ҳурмат мекарданд. Вале, албатта, зиндон зиндон аст. Ба зиндонӣ мувофиқи қоидаву қонун муносибат мекунанд. Лекин баъдтар чун фаҳмиданд, ки рӯзноманигорам ва барои навиштаам зиндонӣ шудаам, хеле муносибати хуб мекарданд. Аммо чун ҳар сари ду моҳ, ки ба Сизои Шайдон мебурданд, дар он ҷо муносибат ваҳшиёна буд. Онҳо ягон нафар аз наздикони маро намегузоштанд, ки ба дидани ман оянд. Додситон чунин фармон дода будааст, зеро баъди озод шуданам ба ман инро гуфтанд. Агар иҷоза медоданд ҳам як ё ду дақиқа. Милисаҳоро ҳам зери фишор қарор дода будаанд. Ба дигарҳо чунин бархӯрд намекарданд. Мисле, ки ман ягон ҷинояткори хафвнок бошам. Ҳатто агар ягон нафар ба ман “салом” мефиристод, номи ӯро ба додситон бояд маълум мекарданд."

"АЗ МАТБУОТ СИПОСГУЗОРАМ"

Радиои Озодӣ: Фикр мекунед, агар созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар дохил ва дар сатҳи байнулмилаӣ ва низ хабарнигорон дар мавриди қазияи Шумо сукут мекарданд, Шумо озод мешудед?

Муҳаммадюсуф Исмоилов: "Албатта, не. Ҳазорон ташаккур ба Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ, ки бидуни хастагӣ бо ҳамроҳии адвокатам Ҷӯраева Муҳаббатхон барои озодии ман талош карданд. Тамоми матбуоти олам ба по хест, матлаби зиёд чоп карданд. Кормандони додситонӣ ва додгоҳи шаҳри Табошар низ ба худ омаданд. Онҳо аввал ба ман бад муомила мекарданд, вале баъди ин мақолаҳо муносибаташон иваз шуд. Ҳамчунин аз кӯмаки хабарнигорон садҳо ташаккур, ки ба ман ба маблағи 8 ҳазор сомонӣ ёрӣ расониданд. Шояд ин маблағ зиёдтар ҳам бошад, чун бо оилаам ҳоло дуруст ҳамсӯҳбат нашудаам. Рӯзи ҷумъа, вақте маро аз зиндон раҳо карданд, Нуриддин Қаршибоев як таксиро аз Хуҷанд то шаҳраки Шайдон киро кард, пулашро дод ва маро то хона овард."

МУҲАММАДЮСУФ ПУШАЙМОН НЕСТ...

Радиои Озодӣ: Навиштеду зиндон шудед, пушаймон нестед?

Муҳаммадюсуф Исмоилов: "Не, ман пушаймон нестам. Пушаймониам аз он, ки маҳбус шудам. Вале ман ягон тини давлатро ғайриқонунӣ нагирифтаам. Ман баҳри ободӣ навиштам. Аз ин рӯ рӯирост менавиштам. Ногуфта намонад, ки барои ман ҳоҷати таҳқиқот набуд. Ҳар як мақолае, ки менавиштам, тасвир дошт. Барои осон шудани тафтишот ман сурат мегирифтам."

Радиои Озодӣ: Шумо дар давраи наврасиатон низ менавиштед?

Муҳаммадюсуф Исмоилов: "Аввалин маротиба дар нашрияи “Пионери Тоҷикистон”, ки сармуҳаррираш Гулрухсор Сафиева буданд, навиштаҳои ман чоп мешуданд. Синфи 7 мехондам, ки қариб ҳар ҳафта шеърҳо ва кроссвордҳои маро чоп мекард. Баъдтар бо маҷаллаи “Занони Тоҷикистон”, ки шоираи шодравон Мавҷуда Ҳакимова сардабириашро бар дӯш дошт, ҳамкорӣ мекардам. Қариб як корманди доимии ин маҷалла будам ва ҳаққи қалами хуб ҳам мегирифтам. Чун ман донишҷӯ будам, бароям пули хуб медоданд. Мегуфтанд, ки кроссвордҳои ту хонандаҳои худро дорад. Баъди вафоти ин шоира ҳам ҳамкориро бо ин маҷалла идома медодам. Сипас, бо нашрияҳои “Нерӯи сухан”, “Рӯзи нав” ва дигарҳо ҳам ҳамкорӣ мекардам. Кроссворд, ҳар гуна мақола омода карда мефиристодам. Ҳамчунин дар нашрияи “Миллат” ҳам навиштаҳои ман мунташир мешуданд ва Адолати Мирзо дастмузди хуб ҳам медод. Вале чун Ҷумъаи Мирзо -- сармуҳаррири “Нури зиндагӣ”-ро аз давраи кор дар “Пионери Тоҷикистон” мешинохтам, бо даъвати ӯ дар нашрияаш ба сифати хабарнигор ба кор пардохтам."

Радиои Озодӣ: Шуморо додгоҳ се сол аз фаъолияти хабарнигорӣ маҳрум кард ва 35 ҳазор ҷарима. Минбаъд чӣ кор хоҳед кард?

Муҳаммадюсуф Исмоилов: "Ману адвокатам машварат кардем ва тасмим гирифтем, ки аз болои ин ҳукм шикоят бубарем."
Муҳаммадюсуф Исмоилов- хабарнигори нашрияи «Нури зиндагӣ» соли 1960 дар ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро дар зодгоҳаш ба анҷом мерасонад. Сипас хонаводаи онҳо ба ноҳияи Ашт -шимоли Тоҷикистон кӯч мебандад. Соли 1983 омӯзишгоҳи савдои шаҳри Хуҷандро хатм мекунад. Фаъолияти кориашро ба ҳайси ҳисобдор дар ҷамъияти матлуботи шаҳр оғоз кардааст. Соли 1985 шомили Донишгоҳи тиҷорати Душанбе мешавад ва онро ба таври ғоибона дар соли 1991 ба поён мебарад. Боз ҳам дар ҷамъияти матлубот корро идома дода вале аз соли 1993 ба ҳайси рӯзноманигори озод бо нашрияҳои гуногун ҳамкорӣ мекунад. Соли 2007 барои кор дар нашрияи «Нури зиндагӣ» даъват мешавад. Моҳи ноябри соли 2010 баъди нашри як матлаби интиқодӣ аз фаъолияти додситони шаҳри Ашт бо иттиҳоми тӯҳмат ва таҳқир боздошт шуда ва баъди 11 моҳ дар октябри соли ҷорӣ озод мешавад. Ойиладор. Соҳиби панҷ фарзанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG