Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи ду рӯзномаи мустақили Қазоқистон


Мақомоти интизомии Қазоқистон даҳҳо шумораи ахири рӯзномаҳои ҳаводори мухолифин «Ҷумҳурият» ва «Ҳақиқати Қазоқистон»-ро мусодира кардаанд, зеро ба гуфтаи мақомот дар ин рӯзномаҳо мақолаҳои дорои мӯҳтавои ифротгароӣ нашр шудааст. Нурбол Телмағамбетов, аз раёсати умури дохилаи шаҳри Жанаозен дар вилояти Мангистау ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтааст, ин рӯзномаҳоро барои таҳқиқи коршиносӣ фиристодаанд ва бар асоси хулосаи коршиносӣ бо рӯзномаҳои «Ҷумҳурият» ва «Ҳақиқати Қазоқистон» рафтор хоҳад шуд. Аммо масъулони рӯзнома иддаъои мақомотро рад карда гуфтанд, шояд мақолаи танқдие дар бораи сарвати Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон ба мақомот хуш наомадааст.
XS
SM
MD
LG