Пайвандҳои дастрасӣ

Даҳҳо ҳазор зилзилазадагони Туркия шаби дуввумро дар интизори кӯмак дар хаймаҳои худ сипарӣ карданд.

Шумори кушташудагони заминларзаи рӯзи 23 октябр ба 279 расида ва ҳанӯз аз садҳо тани дигар асаре нест.

Заминларзаи мудҳиши 7,2 дараҷаӣ дар шимолу шарқи Туркия рӯзи якшанбе даҳҳо нафарро кушт ва бештар аз ҳазор нафарро захмӣ ва ҳазорон нафари дигарро бехонумон кард. Бо умеди пайдо кардани афроди зиндамонда, наҷотбахшони Туркия ҷустуҷӯ дар зери вайронаҳоро идома медиҳанд.


Туркия барои ҷустуҷӯи бозмондагон дар Ван ва Эрсис, ҳазорон нафар ва аз ҷумла наҷотбахшон аз 38 шаҳрро ба маҳали ҳодиса сафарбар кардааст. Чанд кишвар ба Туркия пешниҳоди кӯмак кардаанд ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфт, дар сурати зарурат аз онҳо дархости кӯмак хоҳад кард: "Туркия дар сурати зарурат аз кишварҳои дигар кӯмак хоҳад хост. Ҳоло гурӯҳҳои наҷот аз Озарбойҷону Эрон ва Булғористон дар маҳали офат кор мекунанд."

Минтақаи Ван, воқеъ дар ҷанубу шарқи Туркия, яке аз гӯшаҳои фақиртарини ин кишвар аст, ки даҳсолаҳо боз дар он нерӯҳои Туркия бо ҷудоихоҳони курд ҷангидаанд. Расидан ба Ван ҳам мушкил шудааст, чун фурудгоҳи шаҳр осеб дидааст ва роҳҳои ба сӯи он низ баста шудаанд. Ҳукумати Туркия ҳоло даступо мезанад, то ҳарчӣ зуд ба кӯмаки мардуми аз заминларза ба ваҳшатафтода бирасад.

Идрис Наим Шоҳин, вазири умури дохилии Туркия гуфт, барои мардуми бехонумоншуда, дар майдони футболи шаҳр аз хаймаҳо ҷои зист дуруст кардаанд ва мардум ба тадриҷ ба он ҷо интиқол дода мешаванд. Заминларзаи қавӣ дар имтидоди марзи Туркия бо Эрон ба вуқуъ пайвастааст ва ба навиштаи матбуоти Эрон, дар баъзе аз шаҳрҳои ин кишвар мардумро воҳима фаро гирифтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG