Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як "сарбози фирорӣ" дар Шӯрообод


Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, як сарбози мусаллаҳи фирориро, боздошт кардаанд. Хабаргузории "Азия Плюс" аз қавли Ниёзмад Шарипов, сардори як шӯъбаи милиса дар ноҳияи Шӯрообод навиштааст, баъди ду рӯзи ҷустӯҷу ба яке аз афсарони милиса муяссар шудааст, сарбози фирориро дар як хонае дар рустои Хели говара дар Шӯрообод дастгир кунад ва ба воҳиди низомии 29 31- и Раёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бисупорад. Ин сарбоз зимни тамринҳои низомӣ фирор кардааст.
XS
SM
MD
LG