Пайвандҳои дастрасӣ

Маршал Фаҳим ба Тоҷикистон сафар мекунад


Интизор меравад, фардо маршал Муҳаммадқасим Фаҳим, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон бо як сафари серӯза вориди Душанбе шавад. Дар ин бора вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар дод. Амният дар Афғонистон, масоили ҳамкорӣ дар бахши мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва посбонии марзи ду кишвар аз ҷумлаи масоили мавриди гуфтӯгуи Муҳаммадқасим Фаҳим бо мақомоти Тоҷикистон хонда мешавад. Айни замон Аҳмад Муқбили Усмонӣ, вазири мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддири Афғонистон дар Тоҷикистон қарор дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG