Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониёни заминларзаи Туркия афзудааст


Мақомоти расмӣ мегӯянд, теъдоди қурбониёни заминларзаи вайронгар дар ҷанубушарқи Туркия ба 366 нафар расидааст. Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Туркия имрӯз эълом кард, ки дар заминларзаи 7,2 дараҷаӣ рӯзи якшанбе дар вилояти Ван, ҳамчунин 1300 нафар захмӣ ва бештар аз 2 260 бино вайрону валангор шудаанд. Талошҳо барои пайдо кардани афроди зинда аз зери овор идома дорад, агарчӣ умед барои ёфтани онҳо камтар мешавад. Шаби дуввум аст, ки ҳазорон нафар аз тарси такрори заминларза шаби худро дар хаймаҳо ва дар ҳавои сард сипарӣ карданд. Пасларзаҳои дигаре манотиқи атрофи шаҳри Эрсис маркази заминларзаро такон доданд.
XS
SM
MD
LG