Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афви Байналмилал: "Беморонро дар Сурия азоб медиҳанд"


Созмони Афви Байналмилал гуфт, тазоҳургарони маҷрӯҳро дар шифохонаҳои давлатии Сурия азобу шиканҷа мекунанд. Ин созмони мудофеъи ҳуқуқ афзуд, ҳукумати Сурия “шифохонаҳоро ба як абзори саркӯби” тазоҳургарони зидди режими раиси ҷумҳур Башшор Асад табдил додааст. Афви Байналмилал қароргоҳаш дар Ландан бо нашри гузорише имрӯз гуфт, ҳадди аққал дар чаҳор шифохонаи давлатии Сурия беморонро шиканҷа ва ё бо онҳо бадрафторӣ кардаанд. Силина Носир, пажӯҳишгари созмон дар Ховари Миёна дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт:"Баъзе аз табибони содиқ ба ҳукумат бо истифода аз мақоми худ афроди осебпазирро, ки захмӣ шудаанд, азият мекунанд. Ин кор воқеан ғайриқобили қабул ва ошуфтакунанда аст." Дар гузориш омадааст, “Чунин ба назар мерасад, ки мақомоти Сурия лаҷоми маъмурони амниятиро дар шифохонаҳо сар додаанд ва дар бисёр маворид, кормандони бемористон ба ҷойи табобат дар азияту бадрафторӣ бо беморон ширкат мекунанд.”
XS
SM
MD
LG