Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Намояндаи ФБР: "Ҳамкорӣ бо хабарнигорон муфид аст"


Мушкили дастрасии хабарнигорон ба манобеи аслии иттилоъ дар як нишасти рӯ ба рӯ бо масъулини вазоратхонаҳои Тоҷикистон матраҳ шуд.

Ин нишаст бо ибтикори як идда кормандони Хадамоти Федеролии Бехатарии Амрико созмон ёфт ва дар он дар баробари намояндагони расонаҳо масъулини дафтарҳои матбуотии ниҳодҳои қудратӣ ва вазоратҳои дигари Тоҷикистон низ иштирок доштанд.

Хабарнигорон мегӯянд, дастнорас будани манобеи ахбор ва сарпечии ниҳодҳои давлатӣ, махсусан, вазоратҳои қудратӣ аз ҳамкорӣ бо хабарнигорон мушкили умдаи матбуоти Тоҷикистон аст. Аммо масъулони дафтарҳои матбуотии вазоратҳои кишвар ин танқидро рад мекунанд ва мегӯянд, онҳо танҳо маълумотеро бо хабарнигорон дар миён мегузоранд, ки салоҳияташон иҷоза медиҳад.

Барои намуна, мегӯянд онҳо, дар ҳоле ки парвандаи ҷиноӣ дар баррасӣ қарор дорад ва ифшо кардани ҷузъиёти он ба фоидаи кор нест, рӯзноманигорон дар гирифтани иттилоъ пофишорӣ мекунанд. “Дар сурати сарпечии мо аз ҳамкорӣ хабарнигорон ба шоеапардозӣ шурӯъ мекунанд”,-мегӯянд сухангӯёни ниҳодҳои давлатӣ.



Аммо Ҷамила Мирбозхонова, хабарнигори тоҷик, бо ишора ба мушкилоте, ки дар ин масъала таҷруба кардааст, мегӯяд, ниҳодҳои давлатӣ ба расонаҳо назари мунсифона надоранд ва ба расонаҳои мустақил аз зовияи нобоварӣ муносибат мекунанд: "Агар ба ниҳодҳои қудратӣ барои гирифтани ягон хабар занг занӣ, ҳатман бояд ягон калоншавандаи он идораро шиносӣ ва аз номи ӯ хоҳиш кунӣ. Дар акси ҳол мегӯянд, ки ин хабарро дода наметавонанд ё баҳонаи аз ҳама маъмули онҳо ҳамин аст, ки мегӯянд бояд мактуби расмӣ биёред. То мактуб навиштаву бурда ва қабул кардаву аз ҷониби роҳбарият ҷавоб дода мешавад, ки хабар кӯҳна мешавад ва ба дарди ҳеҷ кас намехӯрад."

Сухангӯён ва масъулини марказҳои матбуотии ниҳодҳои қудратӣ ва интизомии Тоҷикистон, аз шеваи кори бархе аз хабарнигорон ва расонаҳори хабарӣ дар дарёфт ва пахши хабарҳо изҳори норизоӣ карданд. Онҳо бархе аз хабарнигоронро барои надоштани таҷрубаи корӣ ва надонистани қавонини ҷорӣ айбдор мекунанд.

Нозирҷон Бӯриев, масъули бахши итилоотӣ ва кор бо ҷомеаи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, дар ин замина мегӯяд: "Албатта, мо медонем, ки ҳар қадар бо Васоити ахбори омма ҳамкории хуб дошта бошем, ҳамон қадар ба фоидаи мост. Вале, мутаассифона, дар рафти ин ҳамкориҳо мо шоҳиди он мешавем, ки баъзе аз рӯзноманигорон ногооҳона ин ё он хабари муҳимро пахш мекунанд. Хуб мешуд, ҳам хабарнигорон ва ҳам кормандони мақомоти интизомӣ аз шахсони ботаҷруба биомӯзанд. Чунки як ҳарфи ноҷо метавонад ҳам ба кори мо ва ҳам ба мардум зарар бирасонад."

Дар ҳоле ки хабарнигорони тоҷик аз адами ҳамкории судманд миёни онҳо ва вазоратҳои қудратӣ шиква мекарданд, коршиносон ва намояндагони хадамоти Федеролии Бехатарии Амрико (ФБР) таҷрибаи пешрафтаи худро бо онҳо дар миён гузоштанд, ки чӣ тавр онҳо тавонистаанд, аз ВАО ҳамчун василаи муҳими робита бо ҷомеаи шаҳрвандӣ истифода кунанд.

Ҷейсон Пейк, сардори бахши кор бо ВАО-и Хадамоти Федеролии Бехатарии Амрико хитоб ба масъулини вазоратҳои қудратӣ гуфт, дар шахси хабарнигорон ва расонаҳо набояд рақиб, балки ҳамкору ҳамфикри худро бубинанд ва ба ҳамдигар бовар кунанд: "Албатта, дар миёни кормандону хабарнигорон одамони тасодуфӣ ва ғайриҳирфаӣ ҳастанд, лекин онҳо хеле каманд. Ҳангоми рафтани тафтишот мо ҳам на ҳама иттиллоъро дар ихтиёри хабарнигорон мегузорем. Вале дар маҷмӯъ мо кӯшиш мекунем, ки бо ВАО назиктар бошем. Онҳо ба мо ва мо ба онҳо бовар мекунем. Агар ҳамин боварӣ набошад, ҳамкорӣ ҳам намешавад. Ҳамкорӣ набошад, наметавонем аз корҳои кардаамон ҷомеаро огоҳ созем. Агар ҷомеа аз корҳои мо ва натиҷаи фаъолияти мо огоҳ набошад, чӣ тавр ба мо бовар мекунад ва моро дастгирӣ мекунад?"

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG