Пайвандҳои дастрасӣ

Интизор меравад натоиҷи нахустин интихоботи озод дар Тунис имрӯз 25-уми октябр эълон шавад.

Ҳизби исломии «Ан-Наҳза» иддао кардааст, ки дар интихоботи рӯзи якшанбе ба пирӯзӣ расидааст.

Дар як интихоботи бесобиқа дар Тунис, ки пас аз сарнагунии режими Зайналобиддин бин Алӣ, раҳбари собиқи ин кишвар баргузор шуд, ҳудуди 90 дарсад афроди воҷиди шароити раъйдиҳӣ ширкат кардаанд. Дар ҳоли ҳозир шумориши оро дар бисёре аз манотиқи Тунис ҷараён дорад.

Интихоботи рӯзи якшанбе маҷлиси ин кишварро таъйин хоҳад кард то дар ҷараёни як сол қонуни асоси Тунисро бинависад. Ҳамчунон ба василаи ҳамин қонун, раиси ҷумҳури идораи муваққат таъйин хоҳад шуд то кишварашро то интихоботи соли 2013 раҳбарӣ кунад.

Рошид Ғаннушӣ

Рошид Ғаннушӣ

Рошид Ғаннушӣ, раҳбари ҳизби «Ан-Наҳза», ки 22 сол дар замони ҳокимияти Бин Алӣ дар табъидгоҳи худ дар Лондон зиндагӣ мекард, мегӯяд, ки ҳизбаш ба исломи мӯътадил пойбанд аст. Вай ҳизби худро ба сони Ҳизби адолат ва тавсеаи ҳоким дар Туркия тавсиф карда мегӯяд, саъй надорад арзишҳои ҳизбро бар ҷомеа таҳмил кунад.

Бар пояи назарсанҷиҳо ва гумонзаниҳо, интизор меравад ҳизби Ғаннушӣ шумори зиёде аз курсиҳои Маҷлиси муассисонро аз худ кунад, аммо мушаххас нест, ки аксарияти маҷлисро аз худ кунад. Ин ҳизб бо аҳзоби секулор дар маҷлис рақиб хоҳад буд, аҳзобе, ки ба таври ҳатмӣ барои ҷилавгирӣ аз дар даст гирифтани аксарият тавассути ҳизби исломгаро, бо якдигар эътилоф хоҳанд кард.

Ҳизби наҳзати Тунис талош мекунад то нигарониҳои аҳзоби секулор ва Ғарбро дар хусуси фаъолиятҳои худ бартараф кунад. Аммо гузоришҳое, ки Ҳуснӣ Муборак ва бин Алӣ бехабар аз сарнавишт....

Ҳуснӣ Муборак ва бин Алӣ бехабар аз сарнавишт....

дар хусуси рақобатҳои дохилӣ миёни миёнаравҳои наздик ба Ғаннушӣ ва исломгароёни тундрав дар дохили ҳизб мунташир мешавад, бар нигарониҳо меафзояд.

Ин интихобот шояд битавонад меъёре бошад аз демократия дар кишварҳои Ховари Миёна, ки шоҳиди сарнагунии низомҳои пешин буданд ё хоҳанд буд.

Дар интихоботҳои баргузоршуда дар замони низоми пешин, ҳамвора шумори маҳдуде аз раъйдиҳандагон дар марказҳои раъйдиҳӣ дида мешуданд, зеро ки тунисиҳо мӯътақид буданд натиҷаи интихобот аз пеш таъйин шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG