Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зане дар Амрико ба чаҳор моҳи зиндон маҳкум шуд


Додгоҳи Амрико Анна Фурмановаи 25 сола зодаи Латвияро ба 4 моҳи зиндон маҳкум кард. Фурманова баъд аз раҳоӣ 4 моҳи дигар бояд дар ҳабси хонагӣ бимонад. Вай талош кардааст, аз Амрико ба Русия барои туфанг нишонгирандаҳои оптикӣ орад. Ин занро соли гузашта дар фурудгоҳи Нию Йорк боздошт карданд, зеро дар ҷомадонаш ин таҷҳизот пайдо шуда буд. Матбуоти Амрико гаҳ-гоҳе Фурмановаро бо Анна Чапмен муқоиса мекунад, бо зане, ки барои ҷосусӣ ба нафъи Русия тақрибан ҳамзамон боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG