Пайвандҳои дастрасӣ

Лукашенко 27-29 октябр аз Тоҷикистон боздид мекунад


Александр Лукашенко

Александр Лукашенко

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эълон кардааст, ки рӯзҳои 27-29 октябр Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури Беларус аз Тоҷикистон ба таври расмӣ боздид мекунад. Интизор меравад, ки Лукашенко бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодии ду кишварро баррасӣ кунанд. Имзои чанд санади ҳамкорӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Тоҷикистону Беларус бештар дар бахшҳои иқтисод ва маориф ҳамкорӣ доранд. Мизони гардиши колои миёни ду кишвар дар 8 моҳи соли равон ба 50 миллион доллар баробар шудааст.
XS
SM
MD
LG